Дар вилояти Хатлон семинар баргузор гардид

0
2057

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ мунтазам малакаи касбии худро такмил медиҳанд, дониши амалӣ ва назариявии худро бо дарназардошти талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ мукаммал мегардонанд.

Мутобиқи Нақшаи омодагии касбӣ дар вилояти Хатлон 30-31 марти соли 2015 семинари дурӯзаи омӯзишӣ доир ба баланд бардоштани малакаи касбӣ оид ба масъалаҳои муқовимат ба савдои одамон дар чорчӯбаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон” аз 26 июли соли 2014 баргузор гардид, ки дар он кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Шуъбаи Минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили РВКД вилояти Хатлон (ШММЗҶМ) иштирок намуданд.

Семинар дар доираи лоиҳаи Барномаи намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон (СБМ) бо дастгирии молиявии Шуъбаи оид ба масъалаҳои муборизаи байналмилалӣ бо маводи нашъаовар ва тартиботи ҳуқуқӣ (INL) дар назди Сафорати ШМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.

Дар рафти семинар кормандони Агентӣ ва ШММЗҶМ бо санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ ва санадҳои миллӣ, ки масъалаҳои муқовимат ба савдои одамонро ба танзим медароранд, ҳамкории Агентӣ бо мақомоти ваколатдор дар ин самт, инчунин бо асосҳои ҳуқуқии эътироф намудан ва додани мақоми ҳуқуқии қурбониёни савдои одамон ва бозравонии қурбониён барои расонидани кӯмак, шинос шуданд

Дар рафти семинар ба иштирокчиён наворҳо оиди фаъолияти Комиссияи байниидоравии мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон ва наворҳои видеоӣ оид масъалаи мазкур намоиш дода шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД