Дар ноҳияи Шаҳринав се шаҳрванд бо маводи нашъаовар боздошт гардиданд

0
2297

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёт кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар деҳаи Селбури ноҳияи Шаҳринав дар гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар се шаҳрванд – сокинони ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Ваҳдатро дастгир намуданд, ки аз онҳо 1 кг воситаи нашъаовари гашиш мусодира гардид.

Тавре тафтишоти пешакӣ нишон дод, дастгишудагон ният доштанд, маводи нашъаоварро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ интиқол диҳанд. Айни ҳол чораҳои оперативӣ барои муайян ва дастгир намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳ андешида шудаанд.

Нисбати ин ҳодиса аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Агентӣ аз рӯи моддаи 200 қ. 3 – (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон”) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст ва тафтишот давом дорад.

Боздоштшудагон ҳоло ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД