Дар ноҳияи Шуғнон ду чорабинии зиддимухаддиротӣ ташкил карда шуд

0
1833

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ ва Сариҷроияи Хадамоти Оғо Хон оид ба тандурустӣ дар мактаби №1 ба номи Тилло Пулодӣ, ҷамоати Г.Шаҳбозов, қишлоқи Нишусп ва дар қишлоқи Бунии ноҳияи Шуғнон бо толибилмони синфҳои болоӣ вохӯриҳо дар мавзӯъҳои “Ҳифзи саломатӣ” ва “Бадахшон ҷои маводи мухаддир нест” гузарониданд.

Намояндагони Агентӣ оид ба оқибатҳои даҳшатноки истеъмоли маводи нашъаовар, ҷанбаҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва тиббии ин мушкилот нақл намуданд. Дар чорабинии мазкур баромадкунандагон асосан дар бораи ба омилҳои номатлуб даст задани ҷавонон ва наврасон сухан намуданд.

Дар охири чорабиниҳо ба ҳамагон тӯҳфаҳои хотиравӣ ва брошюраҳои зиддимухаддиротӣ тақсим карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД