Гузоштани санги асоси меҳмонхонаи замонавӣ бо марказҳои хизматрасонии маишӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

0
100

10.10.2019, шаҳри Душанбе

 

10 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт барои бунёди меҳмонхонаи замонавӣ бо марказҳои хизматрасонии маишӣ оғоз бахшиданд.

Меҳмонхонаи замонавӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов бунёд карда мешавад.

Тибқи лоиҳа иншооти муосири хизматрасонӣ – сайёҳӣ аз 115 ҳуҷра бо шароити замонавӣ иборат буда, бо имкони қабули 200 нафар дар як вақт бунёд мегардад.

Дар меҳмонхона 2 толори маҷлис, марказҳои хизматрасонӣ – фароғатӣ, толори варзиш, ҳавзи шиноварӣ, қаҳвахона, мағозаи либос ва ғайра барои мизоҷон шароит фароҳам карда мешавад.

Меҳмонхонаи 9-ошёна бо назардошти талаботи байналмилалӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои марказҳои хизматрасонии се ситорадор бунёд хоҳад шуд.

Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот иттилоъ дода шуд, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхонаи замонавӣ то 100 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ ва баъди пурра ба истифода додани он 50 нафар бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гардид.

Дар асоси нақша дар оянда аз ҷониби соҳибкор кӯдакистон бо 300 ҷой ва мактаби ибтидоӣ барои 540 нафар сохта мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат иқдоми соҳибкори ватаниро дар самти бунёди иншооти муосири хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе назаррас арзёбӣ карда, ҷиҳати иҷрои босифати корҳои бунёдӣ ва дар вақти муайянгардида ба истифода додани меҳмонхонаи замонавӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

 

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД