Дар шаҳри Вена нишасти вазирон бо иштироки роҳбарони мақомоти назорати маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СММ баргузор гардид

0
1527

Санаи 14 марти соли 2019 дар бинои Маркази байналмилалии Вена қароргоҳи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар доираи Иҷлосияи 62-юми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар нишасти вазирони мақомоти зидди маводи мухаддир баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентӣ Шерхон Салимзода иштирок намуданд. Роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар нишасти вазирон бо маърӯза баромад намуданд.

Инчунин дар ҳошияи Нишасти вазирон ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канории Созмони ҳамкории Шанхай ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин дар доираи ин чорабиниҳо вохӯриҳои дуҷанибаи Директори Агентӣ бо муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Зубов Игор Николаевич, Директори Маркази миллии иттилоотию таҳлилӣ оид ба назорати маводи нашъаовари назди Кабинети Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нарзуллаев Олим Хайруллаевич ва Котиби генералии тозатаъини Созмони ҳамкории Шанхай Норов Владимир Имамович баргузор гардиданд.

Чорабиниҳо дар доираи баргузории Иҷлосияи 62-юми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар идома доранд.

 

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД