РӮЗИ ДАВИ МИЛЛӢ

0
2584

Рӯзи дави миллӣ бо мақсади ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, тарғиби ҳамаҷонибаи тарбияи рӯҳу ҷисм ва варзиш ба шарафи рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола дар қаламрави кишвар баргузор мегардад.

Рӯзи дави миллӣ тайи солҳост, ки дар Тоҷикистон ба як маъракаи фарогири ҳамагонӣ табдил шуда, ҳамчун қосиди сулҳ ва ҳусни тафоҳум ва пайке барои солимии аҳли ҷомеа бо шаҳомати хоса таҷлил мешавад.

17 май дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд Рӯзи дави миллӣ баргузор гардид, ки дар он дар радифи одамони синну сол ва касбу кори гуногун кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд иштирок намуданд.

Кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд бо иштироки фаъолонаи худ дар дави миллӣ таҳти даъватнигораи «Тоҷикистон зидди маводи нашъаовар» бори дигар нишон доданд, ки шуғл варзидан ба варзиш аз паҳлӯҳои фаъолияти рӯзмарраи онҳо ба шумор меравад.

Инчунин 18 май дар шаҳри Душанбе кормандони Дастгоҳи марказии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар Рӯзи Дави миллӣ фаъолона иштирок намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД