Директори Агентӣ дар кори ҷаласа дар Москва иштирок намуд

0
2407

21 апрел Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Р. Назарзода дар кори ҷаласаи мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дорои салоҳияти бурдани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошанд, иштирок ва баромад намуд.

Дар баромади худ Р. Назарзода қайд намуд, ки дар Тоҷикистон чораҳои зарурӣ барои татбиқ намудани созишномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои барномавии Созмони Ҳамкории Шанхай дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар андешида мешаванд.

Директори Агентӣ қайд намуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ – ин барпо намудан ва вусъат додани ҳамкории байниидоравӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад ва дар чорчӯбаи фаъолияти муштарак онҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд.

Роҳбари Агентӣ иттилоот дод, ки 27 майи соли ҷорӣ дар Душанбе конфронси минтақавӣ дар сатҳи баланд доир ба мушкилоти хатарҳои маводи нашъаовар бо иштироки ҳамаи кишварҳои дахлдор ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар минтақа мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт. Ӯ ҳампешагони худро аз кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай барои иштирок дар конфронси мазкур даъват намуд, ки ин конфронс қадами ҷиддӣ барои гузаронидани Сессияи Ассамблеяи Генералии СММ оид ба мушкилоти маводи нашъаовар дар соли 2016 хоҳад буд.

Иштирокчиёни ҷаласа дар Москва масъалаҳои мубориза бар зидди интиқоли маводи нашъаовар аз қаламрави Афғонистонро муҳокима намуданд. Онҳо аз мушкилоти хатари байналмилалӣ аз маводи нашъаовар, зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маводи нашъаовар дар Афғонистон ва минтақаи “Секунҷаи тиллоӣ” изҳори нигаронӣ намуданд.

23 апрел Р. Назарзода дар кори конфронси Дуюми зиддимухаддиротии Вазоратии Москва иштирок хоҳад намуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД