Ифтитоҳи бинои Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, ва филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

0
258

26.06.2019, ноҳияи Рашт

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт бинои Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ ва филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои наву муосири Агентӣ ва филиали маркази таълими калонсолон аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаҳои якуму дуюми он – ҳуҷраҳои кории роҳбарият ва кормандон, ҳуҷраи кории роҳбарияти Филиали Муассисаи Давлатии Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, кошонаи ҳусн, муҳосибот ва синфхонаи омӯзиши касб барои маъюбон мавҷуд мебошанд. Ҳамчунин дар таҳхонаи бино синфхонаи қаннодӣ ва ошхона ҷойгир шудаанд.

Бинои мазкур дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар бунёд шуда, барои соҳиби касбу ихтисос кардани сокинон ва бо шуғл фаро гирифтани мардуми ноҳияҳои дурдасти мамлакат мусоидати фаъол мекунад.

Маркази таълим барои калонсол дар доираи супориши бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, дар бинои нав барои омӯзондани касбҳои ороишии мӯй, омӯхтани нозукиҳои кор бо компютер барои маъюбон, синфхонаи замбурисалпарварӣ ва омӯзиши ҳунари кафшергарӣ шароит муҳайё карда шудааст.

Бинои Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, ва филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ҳамчунин дорои бойгонӣ, хонаи омӯзгорон, утоқи қабули шаҳрвандон доир ба масъалаҳои муҳоҷират ва маҷлисгоҳ мебошад.

Баъди шиносоии пурра бо шароити кор дар иншооти нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони агентиро барои дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ кардани кор, беҳдошти сифати таълим ва касбомӯзӣ ҳидоят намуданд.

Бунёди иншооти нав дар маркази ноҳия туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат ба мардуми ноҳияҳои дурдаст дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ ва дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” буда, дар арафаи истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД