Ифтитоҳи бинои Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар ноҳияи Нуробод

0
304

24.06.2019, ноҳияи Нуробод

Рӯзи 24-уми июни соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бинои Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити он аз наздик ошно шуданд.

Бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, сохтмони он соли 2015 оғоз ёфта буд. Иншоот дар масоҳати 0,44 гектар замин бунёд ёфта, барои фаъолияти пурсамар дар он шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст. Бино аз 14 утоқи корӣ иборат буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин бинои навбунёд дорои ҳаммом, ошхона бо 20 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон буда, мувофиқи лоиҳа, масоҳати худи бино 496, 47 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Тамоми утоқҳои корӣ бо мизу курсӣ ва дигар ашёи зарурӣ таъмин буда, минбаъд имконият медиҳад, ки бо истифода аз ин шароит ба аҳолии ноҳия хизматрасонии босифату саривақтии коммуналӣ расонида шавад. Ҳамзамон кормандони соҳа дар шароити мувофиқ кори худро ба роҳ хоҳанд монд.

Зимни шиносоӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба кормандони соҳа дастур доданд, ки шароити фароҳамовардашударо босамар истифода бурда, сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолии ноҳия боз ҳам беҳтар намоянд.

Намои берунии бинои Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” бо назардошти талаботи мусоири шаҳрсозӣ ва санъати баланди меъморӣ ороиш ёфта, гирду атрофи иншоот бо гулу буттаҳои зебо зинат дода шудааст. Лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Корез – лоиҳа” таҳия гардидааст.

Кормандони Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар ноҳияи Нуробод ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин туҳфаи арзанда дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД