Ифтитоҳи бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти “Қалъаи Сурх” дар ноҳияи Рашт

0
237

26.06.2019, ноҳияи Рашт

Имрӯз дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти “Қалъаи Сурх”-ро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ дар масоҳати 442,8 метри мураббаъ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Бинои маъмурии наву замонавӣ дар Ҷамоати деҳоти “Қалъаи Сурх”-и ноҳияи Рашт аз ду ошёна иборат буда, дорои 16 ҳуҷраи барҳавои корӣ, хазинаи “Амонатбонк” ва толори барҳавои маҷлис бо 60 ҷойи нишаст мебошад.

Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2014 оғоз гардида, моҳи июни соли 2019 бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ ва дастгирии Ҳукумати мамлакат бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморӣ ба истифода дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони Ҷамоати деҳоти “Қалъаи Сурх”-и ноҳияи Рашт, табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити корӣ дар иншооти нав кормандони деҳоти мазкурро барои дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуданд ва ба мардум хизмат расондан, дастуру ҳидоятҳо доданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД