Ифтитоҳи маркази тиҷоратӣ ва тақдими туҳфаҳо ба шахсони ниёзманд дар ноҳияи Сангвор

0
170

24.06.2019, ноҳияи Сангвор

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти расмии Маркази савдои “Давлатҷон”, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Хайрулло Давлатов дар доираи эълони солҳои 2019 – 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сохта шудааст, оғози расмӣ бахшиданд.

Тибқи иттилоъ корҳои сохтмонӣ дар ин маркази тиҷоратӣ соли 2017 оғоз гардида буд ва дар рафти бунёди иншоот зиёда аз 10 нафар сокини ноҳия ба кор ҷалб гардиданд.

Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, ошёнаи якум мағозаи фуруши молҳои ниёзи мардум ва ошёнаи дуюм ҳамчун маркази ҷавонон барои баргузории тую маъракаҳо пешбинӣ шудааст.

Дар таҳхонаи маркази тиҷоратӣ молу маҳсулоти гуногун нигоҳ дошта мешавад. Масоҳати умумии иншоот 4 садяк заминро дар бар гирифта, худи бино дар масоҳати 260 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Ин сеюмин маркази савдои замонавӣ дар ноҳия маҳсуб меёбад, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз тарафи соҳибкорони ватандӯст сохта шудааст.

Иншооти тозабунёд баробари хизмат расонидан ба аҳолӣ, ҳамзамон ба ҳусни ноҳияи Сангвор зебогӣ зам намуд. Акнун бо ба истифода додани ин марказ чанд нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани маркази тиҷоратӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 60 нафар кӯдаки ятим ва фарзандони оилаҳои ниёзманди ноҳияи Сангвор туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Ин тифлакон худро хушбахту сарбаланд эҳсос мекарданд, зеро дар арафаи таҷлили бошукуҳи 22 – солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ аз дасти Пешвои ғамхору меҳрубон ва пуштибони худ туҳфаи пулӣ ва сару либоси зебо гирифтанд.

Нахуст Сарвари давлат кӯдакони ятим ва фарзандони аз оилаҳои ниёзмандро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша дар ҳимояи давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Дастгирии маъюбон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз  солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва чун анъана дар арафаи ҳама иду айём ин амали неку инсондӯстона сурат мегирад.

Ҳамзамон дар ин рӯз ба хотири шодию нишоти кӯдакон дастурхони идона ороста шуда буд. Тибқи маълумот айни замон дар ноҳияи Сангвор 7 нафар ятими кулл, 235 нимятим, 284 маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки аз шумораи умумии маъюбон 44 нафарашон синни то 18 соларо ташкил медиҳад. Ҳамаи онҳо зери таваҷҷӯҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Хушбахтона дасти кӯмак дароз намудан ба шахсони ниёзманди ҷомеа дар арафаи ҳама иду айём ҳамчун амали неки инсондӯстона ба ҳукми анъана даромадааст ва шахсони саховатпеша ин амалро пайваста анҷом медиҳанд.

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД