Иштироки Директори Агентӣ дар 21-умин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори давлатҳои аъзои СААД

0
179

Санаи 23-уми октябри соли 2019 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия 21-умин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид, ки дар кори он Директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салмзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Иштирокчиён натиҷаи корҳои анҷомдодашударо дар давраи ҳисоботӣ мусбат арзёбӣ карда, самти мавҷудаи фаъолияти зиддимухаддиротии СААД-ро қобили дастгирӣ шумориданд.

Дар ҷаласаи мазкур натиҷаҳои амалиётҳои зиддимухаддиротии байналмилалии «Канал-Центр» «Канал-Кавказский редут»  ва «ГРОМ-2019» баррасӣ гардида, самаранокии онҳо қайд карда шуд.

Тавре роҳбарони ҳайатҳо дар баромади худ таъкид намуданд  чораҳои андешида дар самти назорати маводи нашъаовар барои ба маротиб коҳиш ёфтани мусодираи маводи нашъаовари истеҳсоли Афғонистон дар кишварҳои аъзои СААД ва интиқоли ғайриқонунии он аз тариқи Массири Шимол дар воқеъ мусоидат намудааст.

Тибқи изҳороти иштирокдорон мушкилоти дигаре, ки имрӯз кишварҳои аъзои СААД-ро ба ташвиш овардааст, ин воридшавӣ, паҳншавӣ ва истеъмоли моддаҳои нави синтетикии  нашъаовар мебошад.

Дар хотимаи ҷаласа аъзоёни Шӯро андешидани тадбирҳои иловагии муштаракро ҷиҳати  муқовимати ҳамаҷониба бо муомилоти ғайриқонунии  маводи нашъаовар  зарур шумориданд.

Чорабинии мазкур бо баимзорасонии як қаттор санадҳо анҷом ёфт.

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД