Иштироки муовини Директори Агентӣ дар Ҷаласаи роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СҲШ

0
385

Рӯзи 25 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷаласаи роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СҲШ, ки ваколатҳои мубориза бо маводи мухааддирро доранд, баргузор гардид.

Дар кори Ҷаласаи мазкур муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал–майори х.н.м.н. Муртазо Ҳайдарзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур иштирокчиён як қатор масъалаҳоро оид ба рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти назорати муомилоти маводи нашъовар муҳокима карданд. Дар хотимаи ҷаласаи мазкур иштирокчиён лоиҳаи Нақшаи корӣ оид ба  татбиқи Барномаи амалҳо ҷиҳати иҷрои Стратегияи зиддимухаддиротии СҲШ барои солҳои 2018-2023-ро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати ворид намудани он тибқи тартиби муқаррарнамуда, барои барасӣ ба Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки  14 июни соли 2019 баргузор мегардад, тавсия намуданд.

Инчунин дар ҷаласа иштирокчиён, Лоиҳаи Консепсия ва Нақшаи гузаронидани амалиёти зиддимухадиротӣ ба номи “Паутина” дар ҳудуди давлатҳо аъзои СҲШ-ро тасдиқ намудаанд.

 

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД