Кормандони Агентӣ дар Донишгоҳи Cлавянии Русияву Тоҷикистон

0
438

Санаи 19 феврали соли ҷорӣ, ҷиҳати тарғибу фаҳмондадиҳии муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2018 кормандони шуъбаи итилооти таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Cлавянии Русияву Тоҷикистон  вохӯрӣ баргузор намуданд.

Вохӯрии мазкурро муовини ректори Донишгоҳи Cлавянии Русияву Тоҷикистон Амлоев Аминҷон оғоз намуда, минатдории худро ба ташшабускорони ин чорабинӣ ва шахсан ба Директори Агентӣ изҳор намудаанд.

Дар вохӯрии мазкур ба диққати  устодон ва донишҷуён  муҳтавои  Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз содир намудани  ҷиноят, даст задани онҳо ба амалҳои номатлуб, аз қабили шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир расонида шуд.

Вохӯрии мазкур дар як муҳити бисёр озоду ошкорро доир гардид. Донишҷӯён фикру ақидаҳои худро фаъолона иброз дошта бо мутахассисон бо таври муҳокимарониҳо суҳбат оростанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ донишҷӯён хоҳиш намуданд, ки чунин чорабиниҳо аз тарафи мақомоти дахлдор мунтазам ба роҳ монда шаванд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД