Мизи мудаввар оид ба масъалаҳои нашъамандӣ

0
3557

22 июн дар арафаи Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо дастгирии дафтари Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, инчунин ташкилоти ҷамъиятии «СПИН Плюс» мизи мудаввар оид ба масъалаҳои нашъамандӣ дар мавзӯи “Табобат ба ҷои ҷазо” ташкил карда шуд, ки дар кори он намояндагони Академияи ВКД, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Аҳолии ҶТ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.


Мақсади асосии гузаронидани мизи мудаввар аз муттаҳид намудани кӯшишҳои ҳамаи сохторҳои манфиатдор дар созмон додани тамоюлҳои нав дар сиёсати зиддимухаддиротӣ бо назардошти ҳимояи ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолии Тоҷикистон иборат мебошад.

Кори Мизи мудавварро муовини Директори Агентӣ М.Ҳайдарзода кушода, қайд намуд, ки сиёсати зиддимухаддиротии ҳукумати ҷумҳурӣ ба тақвият додани назорат аз болои маводи нашъаовар, мустаҳкам намудани иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ равона карда шудааст. Бинобар ин ҳамаи кӯшишҳоро ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар равона бояд кард, ҳамзамон ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самти фаъолият бо гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ аз ҳисоби нашъамандон ва беморони ВНМО ташкил намудан зарур аст.

Иштирокчиёни мизи мудаввар масъалаҳоро вобаста ба чораҳои алтернативӣ, ки ба коҳиши талабот ба маводи нашъаовар ва расонидани кӯмак ба истеъмолкунандагони маводи нашъаовар равона гардидааст, муҳокима намуданд.

Дар чорабинии мазкур муаррифиномаҳои ҳамаи идораҳои манфиатдор, инчунин фикру андешаҳои намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки бо масъалаҳои шахсони нашъаманд машғул мебошанд, пешкаш гардид.

Аз рӯи натиҷаи мизи мудаввар қатънома қабул гардид, ки дар он дар назди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ таъсиси додани гурӯҳи корӣ оид ба омода сохтани механизми таҳияи амалии чораҳои алтернативӣ, инчунин муайян намудани ҳайати гурӯҳи корӣ аз ҳисоби коршиносони вазорату идораҳо, коркарди нақшаи корӣ, муайян намудани сарчашмаи маблағгузорӣ ва дастгирии техникӣ барои фаъолияти самараноки гурӯҳи корӣ пешбинӣ шудааст.22 июн дар арафаи Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо дастгирии дафтари Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, инчунин ташкилоти ҷамъиятии «СПИН Плюс» мизи мудаввар оид ба масъалаҳои нашъамандӣ дар мавзӯи “Табобат ба ҷои ҷазо” ташкил карда шуд, ки дар кори он намояндагони Академияи ВКД, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Аҳолии ҶТ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.


Мақсади асосии гузаронидани мизи мудаввар аз муттаҳид намудани кӯшишҳои ҳамаи сохторҳои манфиатдор дар созмон додани тамоюлҳои нав дар сиёсати зиддимухаддиротӣ бо назардошти ҳимояи ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолии Тоҷикистон иборат мебошад.

Кори Мизи мудавварро муовини Директори Агентӣ М.Ҳайдарзода кушода, қайд намуд, ки сиёсати зиддимухаддиротии ҳукумати ҷумҳурӣ ба тақвият додани назорат аз болои маводи нашъаовар, мустаҳкам намудани иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ равона карда шудааст. Бинобар ин ҳамаи кӯшишҳоро ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар равона бояд кард, ҳамзамон ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самти фаъолият бо гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ аз ҳисоби нашъамандон ва беморони ВНМО ташкил намудан зарур аст.

Иштирокчиёни мизи мудаввар масъалаҳоро вобаста ба чораҳои алтернативӣ, ки ба коҳиши талабот ба маводи нашъаовар ва расонидани кӯмак ба истеъмолкунандагони маводи нашъаовар равона гардидааст, муҳокима намуданд.

Дар чорабинии мазкур муаррифиномаҳои ҳамаи идораҳои манфиатдор, инчунин фикру андешаҳои намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки бо масъалаҳои шахсони нашъаманд машғул мебошанд, пешкаш гардид.

Аз рӯи натиҷаи мизи мудаввар қатънома қабул гардид, ки дар он дар назди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ таъсиси додани гурӯҳи корӣ оид ба омода сохтани механизми таҳияи амалии чораҳои алтернативӣ, инчунин муайян намудани ҳайати гурӯҳи корӣ аз ҳисоби коршиносони вазорату идораҳо, коркарди нақшаи корӣ, муайян намудани сарчашмаи маблағгузорӣ ва дастгирии техникӣ барои фаъолияти самараноки гурӯҳи корӣ пешбинӣ шудааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД