КУРСИ ОМӮЗИШИ САЙЁР

0
1452

Аз санаи 10 то 21 декабри соли ҷорӣ дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзиши сайёр барои кормандони оперативии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Курси омӯзишии мазкур дар асоси дархости Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Намояндагии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ барои кормандони оперативии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, 28 нафар  дарс меомузанд.

Дастурдиҳандагон аз ҳисоби кормандони Донишкадаи умумироссиягии такмили ихтисоси  Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия интихоб гардидаанд

Иштирокчиён дар курси мазкур оид ба корҳои оперативӣ, риояи талаботи бехатарӣва истифодаи лавозимоти махсуси дар кори оперативӣ истифодашаванда, роҳу усулҳои  муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашаъоварро тариқи дарсҳои назариявӣ ва амалӣ меомӯзанд.

Баъд аз хатми курси омӯзишӣ ба иштирокчиён сертификатҳо супорида  мешавад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД