Чорабиниҳо оид ба рӯзи байналмиллаии мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ

0
2148

Ҳамасола дар тамоми чаҳон 1-уми декабрро ҳамчун рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ҷашн мегиранд.

Бахшида ба ин рӯз дар маќомоти иљроияи маҳаллии њокимияти давлатии ноњияи И. Сомонї Конфронси илмї – амалї тањти унвони “Мо љавонон – љонибдори тарзи њаёти солим!” баргузор гардид.

Дар кори конфронс намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон, Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Маркази љумњуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ, Маркази саломатии шањри Душанбе, инчунин зиёда аз 300 нафар хонандагони муассисањои таълимї ва колељу омўзишгоњњои тиббии шањри Душанбе иштирок намуданд.

Дар кори Конфронс оиди истеъмоли тазриќии маводи нашъаовар, ки 63,7%-и нашъамандонро ташкил медињад, намояндаи Агентї суханронӣ намуда, оиди гузариш ба беморињои сироятї аз љумла бемории ВНМО/БПНМ дар байни нашъамандон маълумотњои даќиќ доданд.

Аз тарафи иштирокчиён ба мутахассисон оид ба мавзўъњои дар боло зикргардида саволњо пешнињод шуда, ба саволњои худ љавобњои даќиќ гирифтанд.

Инчунин кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ғайридавлатии “ВОЛОНТЕР”, “Ҳилоли Аҳмар” дар ҶТ, “Хазинаи ОҒО Хон” оид ба тандурустӣ ва маркази ВНМО/БПНМ ин рӯзро дар толори Донишгоҳи давлатии ш. Хоруғ ҷашн гирифтанд.

Дар чорабинии мазкур ҷавонон ва толибилмон ширкат варзиданд, ки ба онҳо видеоролик ва филмҳои ҳуҷҷатӣ оид ба истеъмоли тазриқии маводи нашъаовар ва бемории ВНМО/БПНМ нишон дода шуд.

Ҳамзамон тариқи викторина саволҳо дода шуданд ва шахсоне, ки ба саволҳои викторина оид ба нашъамандӣ ва ВНМО/БПНМ посухҳои дуруст доданд, тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Инчунин аз тарафи РАНМН дар ВМКБ гурӯҳи эстрадии ПОМИР даъват карда шуданд, ки онҳо бо сурудҳояшон хотири ҳамагонро болида сохтанд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба ҳамагон варақаҳои иттилоотӣ оид ба нашъамандӣ ва ВНМО/БПНМ тақсим карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД