МУҲОҶИРОН АЗ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ШАҲРИ ТВЕР ГЕРОИН ТИҶОРАТ МЕНАМУДАНД

0
1831
C

Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар даст доштанд, аз тарафи кормандони Раёсати Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар вилояти Твер боздошт гардиданд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маълум гардид, ки ду нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, соли таваллудашон 1968 ва 1992, дар пойтахти Верхневолжие

бо хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул буданд. Фаъолияти гурӯҳи ҷиноятпеша дар мӯҳлати кӯтоҳ ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти Раёсати минтақавии ХФНМН – и Россия нашъаҷалобон миқдори зиёди героинро аз махфигоҳ ба даст оварда, ба вояҳои яккарата тақсим намуда мефурӯхтанд.

Кормандони Хадамот ҷинояткоронро ҳангоми баргаштани онҳо ба хонаи иҷора гирифтаашон дар ноҳияи Московскии Твер боздошт намуданд, ки аз онҳо 20 бастаи героин дарёфт гардид. Аз нашъаҷалобон ба миқдори умумӣ 106 грамм героин мусодира карда шуд.

Аз рӯи ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳаҷми калон аз тарафи шуъбаи тафтишоти ХФНМН – и Россия дар вилояти Твер парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Нашъаҷалобон ба ҳабс гирифта шуданд. Тафтишот идома дорад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД