Натиҷаҳои марҳиллаи якуми амалиёти ҷумҳуриявии “Кӯкнор-2019” дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
335

Санаи 12 декабри соли 2019 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии Ситоди ҷумҳуриявии «Кӯкнор-2019» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баргузор карда шуд.

Дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2019 ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳудуди кишвар ва тавассути Сарҳади давлатӣ, ошкору нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 1 июн то 30-юми ноябри соли равон амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор-2019» гузаронида шуд.

Бо мақсади муташаккилона гузаронидани амалиёти мазкур, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти «Кӯкнор-2019» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Яке аз мақсадҳои асосии амалиёти “Кӯкнор” ин ошкор ва несту нобуд сохтани растаниҳои нашъадор мебошад. Дар асоси гузориши вазорату идораҳо дар ҳудуди кишвар аз ҷониби гурӯҳҳои оперативӣ 225 ҳолатҳои сабзиши растаниҳои худруйи нашъадор ба қайд гирифташуда, дар умум 2 млн 677 ҳазору 216 бех растаниҳои нашъадор дар масоҳати 2,3 га дарёфт ва нобуд карда шудаанд. Растаниҳои нашъаовари худрӯй асосан дар вилояти Суғд ва ВМКБ ошкор ва нобуд карда шудаанд.

Ҳамин тавр дар давраи баргузории амалиёти “Кукнор-2019” дар ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохтрҳои қудратӣ ҳамагӣ 218 ҷиноятҳои мухаддиротӣ ошкор ва бақайд гирифта шудаанд. Зимни ошкори ҷиноятҳо ва дигар ҳолатҳо аз муомилоти ғайриқонунӣ 654 кг маводи нашъадор мусодира гардидааст, ки аз ин миқдор 125 кг героин,  230 кг афюн, 287 кг ҳашиш ва 12 кг маводи гурӯҳи бангдона ташкил медиҳад. Инчунин дар ин давра аз муомилоти ғайриқонунӣ 83 дона ҳабҳои психатропӣ ва шумораи зиёди яроқу аслиҳаи ҷангӣ мусодира гардида, 232 нафар шахсон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳо дар давраи баргузории амалиёт аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 216 ҳодисаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ 220 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз онҳо дар умум 175690 сомонӣ ҷарима ба фоида давлат руёнида шудаст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД