Оғози курси омӯзишӣ барои кормандони оперативӣ

0
450

Аз санаи 25 то 01 марти соли равон бо дархости Маъмурияти назорати маводи мухаддири Сафорати Иёллоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон барои кормандони оперативии Агентӣ дар мавзӯи “Таҳвили назоратшавандаи байналмилалӣ” курси омӯзишӣ оғоз гардид.

Курси мазкур дар бинои меҳмонхонаи “Ҳаят реҷенсӣ” баргузор гардида, дар кушодашавии он Муовини Директори Агентӣ Муртазо Ҳайдарзода иштирок намуданд.

Дастурдеҳони курси мазкур аз ҳисоби маъмурияти назорати маводи мухаддири Сафорати Иёллоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сизар Медина, Ҷон де Мореман ва Питер С.Свикер мебошанд.

Курси мазкур барои баланд бардоштани малака ва маҳорати касбии командони оперативӣ баргузор карда шуда, дар оянда ва таҷрибаҳои фаъолияти оперативии кормандон корбарӣ карда мешавад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД