Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод ва боздид аз хоҷагии навбунёди деҳаи Холибеки деҳоти Хумдон

0
206

24.06.2019, ноҳияи Нуробод

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд.

Сокинони касбу кори гуногун, собиқадорон, фаъолон ва шумораи зиёди ҷавонони ин ноҳияи дурдасти мамлакат Сарвари давлатро гарму самимӣ ва бо муҳаббати беандоза пазироӣ намуданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии навбунёди деҳаи Холибеки деҳоти Хумдон, ки идона ороста шуда буд, бо дастовардҳои меҳнатии мардуми ин ноҳияи хушманзара шинос шуданд. Ба хотири ташрифи меҳмони олиқадр дар ин ҷо намоишгоҳи бузургу доманадор ташкил карда шуд.

Дар намоишгоҳ сокинони ноҳия дастранҷи хеш, аз қабили маҳсулоти нонӣ, намунаи кандакорию оҳангарӣ, ҳосили зироати кишоварзӣ, гулу гиёҳҳои табиии шифобахш ва ғайраро, ки бо меҳнати ҳалол ва заҳмати зиёд ба даст овардаанд ба маъраз гузоштанд.

Дар гӯшаи нонҳои миллӣ занону бонувони ҳунарманд бехтани орд, хамиркунӣ ва тарзи омода намудани номгӯи гуногуни нонҳои миллӣ, аз қабили чаппотӣ, гирдача, кулчаи нақшин, кулчаи нурободӣ, ки хоси мардуми ин минтақаи мамлакат буда, шуҳрати зиёдро касб намудааст, намоиш доданд.

Дар ин ҷо барои омода намудани ҳар як намуд нони миллӣ бо усули аҷдодӣ танури алоҳид гузошта шуда, инчунин дар дигар қисмат маҳсулоти нонӣ ба намоиш гузошта шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари нонпазии занону бонувони ноҳияи Нуробод баҳои баланд дода, ба онҳо ҷиҳати ҳифзи ин мероси қадима ва боз ҳам рушд бахшидани он, инчунин ҷалби ҷавондухтарон барои аз худ кардани нозукиҳои маҳорати нонпазӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Мавриди зикр аст, ки мардуми ноҳияи Нуробод, хоса занону бонувони он аз қадим бо ҳунари нонпазӣ машҳуранд ва нонҳои омоданамудаи онҳо аз лиҳозу тамъу мазза беназир мебошанд.

Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла оши бурида, кашк, далда, умочи ба дуғ, қурутоб, фатирмаска ва ғайра намоиш дода шуд. Тавре иттилоъ доданд дар ноҳияи Нуробод намудҳои зиёди хӯрокҳои миллӣ, ки хоси мардуми тамаддунофар ва қуҳанбунёди тоҷик мебошанд, ҳифз гардидаанд ва дар ҳар хонадон пухта мешаванд. Ҳамчунин дар ин ҷо шириниву кулчақандҳои гуногун ва номгӯи зиёди маҳсулоти ширӣ ба маъраз гузошта шуд. Ҳамаи ин маҳсулот дар коргоҳҳои ноҳия ва инчунин аз ҷониби сокинони маҳаллӣ омода карда мешаванд.

 

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат маҳсули дасти чеварони ноҳияи Нурободро тамошо намуда, ҳунару маҳорати дӯзандагию бофандагии занону духтарони соҳибистеъдод ва чирадасти маҳаллиро намунаи олии кордонию лаёқатмандии миллати қадимаи тоҷик арзёбӣ карданд. Дар гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, ки қисми асосӣ ва бештари намоишгоҳро дар бар мегирифт, ҳамчунин номгӯи зиёди дигар намуди маҳсулоти дастӣ, аз қабили чубкорию оҳангарӣ ва ғайра намоиш дода шуд. Кандакорию оҳангарӣ, ки аз ҳунарҳои хеле қадимаи миллати мо ба шумор мераванд дар ноҳияи Нуробод эҳё ва ба таври густурда рушд намудааст. Созҳои гуногуни мусиқӣ, лавозимоти рӯзгор ва маҳсули оҳангарон, бозгӯйи фарҳанги бою пурғановати тоҷикон мебошанд.

Ҳамчунин дар ин мавзеъ дастандаркорон ба таври рамзӣ хонаи арӯсии замонавӣ ва инчунин хонаи арӯсии ниёгон ташкил карда, расму оини миллати тоҷикро дар давраҳои гуногун муаррифӣ намуданд. Хонаи арӯсии замонавӣ дар доираи талаботи замони муосир оро дода шуда, бо истифода аз унсурҳои миллӣ оро ёфт. Хонаи арӯсии ниёгон бошад, дар заминаи урфу одатҳои қадимаи миллати тоҷик оро дода шуд, ки таҷассумгари гузаштагони мо мебошад.

Ташкил ва ба роҳ мондани чунин намоишгоҳ дар тарғиби бештари ҳунарҳои мардумӣ, эҳё ва ҳифзи мероси аҷдодӣ муҳим шуморида шуд. Намошгоҳи мазкур низ маҳз бо ҳамин мақсад ва дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба роҳ монда шудааст, ки он дар муаррифӣ ва рушди анъанаю суннатҳои қадима заминаи мусоид хоҳад гузошт.

Дар намоишгоҳ кишоварзону хоҷагидорон низ фаъолона иштирок намуда, маҳсули меҳнати хешро ба таври васеъ муаррифӣ намуданд.

Гӯшаи маҳсулоти кишоварзӣ дар ин намоишгоҳ чанд растаро дар бар мегирифт, ки дар он меҳнаткашони ноҳия номгӯи зиёди тухмии зироати кишоварзӣ ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшаванда, хоса ғалладонагиҳо, мевагиҳо, сабзавоту полезӣ, ҳосили зироати равғандиҳанда, инчунин гулу гиёҳҳои шифобахш, консерваи меваю сабзавот, маҳсулоти ширӣ, равғани растанӣ, асали табиӣ, тухми парранда ва ғайраро ба таври васеъ ба намоиш гузоштанд. Маҷмуан дар ин гӯшаи намоишгоҳ беш аз 30 намуд маҳсулот муаррифӣ гардид.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ноҳияи Нуробод 3180 гектар замини корам мавҷуд аст ва қариб ҳама намуди зироати кишоварзӣ кишту парвариш карда мешавад. Соли равон кишоварзон бо мусоид омадани обу ҳаво кишти полезӣ, аз ҷумла харбуза ва тарбузро низ ба роҳ мондаанд. Майдони боғу токзор бошад, дар ноҳия 370 гектарро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат ба маҳсули дасти кишоварзон баҳои баланд дода, ба онҳо барои боз ҳам бештар рушд додани соҳа тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд. Дар ин ҷо занбурпаварони ноҳия асали табииро бо шакл ва ҳаҷми гуногун ба намоиш гузошта буданд, ки диққати меҳмононро бештар ҷалб кард. Тибқи маълумот имрӯз дар ноҳияи Нуробод 10542 оилаи занбури асал парвариш карда мешавад ва дар соли 2018 дар хоҷагиҳои занбурпарварӣ 125 тонна асали табиии дорои сифати баланд истеҳсол карда шудааст.

Баъди боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ Пешвои миллат бо фаъолияти хоҷагии навбунёди деҳаи “Холибек”, нашъунамои зироати кишоварзӣ ва боғи навбунёди он, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ташкил ёфтааст, шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии замини хоҷигии навбунёд дар деҳаи “Холибек” 12 гектарро ташкил медиҳад ва дар майдони беш аз 5 гектар, аз ҷумла 2,54 гектар боғи интенсивии нав бунёд карда шудааст. Дар боғи навбунёди интенсивӣ хоҷагидорон ниҳоли дарахтони мевадиҳандаи себ, нок, сиёҳолу, олуча, шафтолу, зардолу ва ғайра шинонидаанд. Дар боқимонда заминҳои хоҷагии мазкур қариб ҳама намуди зироат, аз қабили помидору бодиринг, картошка, қаланфур, боимҷон, карам, сабзӣ, турб, шалғам, лубиё, ҷуворимакка, нахуд, тарбузу харбуза, каду, инчунин гандум ва маҳсар кишт карда шудааст.

Намоишгоҳи васеъи маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии навбунёди деҳаи “Холибек” бозгӯкунандаи меҳнати пайваста ва содиқонаи сокинони ноҳияи Нуробод ба хотири ба даст овардани ҳосили дилхоҳ мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори деҳқонон, дар маҷмуъ вазъи соҳаи кишоварзии ноҳияи Нуробод баҳои баланд дода, онҳоро ба меҳнати содиқона ва ба даст овардани ҳосили фаровон ҳидоят намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД