Парчамат бодо парафшон кишварам

0
256

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст, ки он  ҳамасола дар саросари мамлакат бо шукуҳи хоса ҷашн гирифта мешавад.

Ҳадаф аз таҷлили ин рӯзи таърихӣ эҳтиром гузоштан ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон гардидааст.

Чунин як чорабинии идона ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ, ки баёнгари мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик ва равшанибахши роҳи миллат ба сӯи ояндаи дурахшони кишвари азизамон мебошад, дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Баъди ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ва аз ҷониби ҳайати шахсӣ зинда сароидани Суруди миллӣ роҳбарияти Агентӣ ҳайати шахсӣ, аҳлу оила ва дар симои онҳо тамоми наздикону пайвандони онҳоро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таманнои онро намуданд, ки ҳамеша Тоҷикистони азиз ободу зебо ва парчамаш парафшон бошад.

Ҳамзамон қайд намуданд, ки  баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар раванди ташаккули низоми давлатдории муосири худ баробар бо қабули Конститутсия ва дигар рамзҳои давлатӣ, мардум парчами кишварамонро низ ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллиамон қабул карда, таҳти ливои озодиву соҳибихтиёрии худ муттаҳид гардида, барои ободонии Ватани хеш ва ба як кишвари пешрафта табдил додани он азму талош дорад.

Баромадкунандагон иброз доштанд, ки бо ифтихору қаноатмандӣ бояд зикр намуд, ки ҳоло мардуми шарифи кишвар, бахусус насли ҷавону ояндасози мо сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, хуб дарк намудаанд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ маънои арҷгузориву ифтихор ба давлат, ба гузаштаву имрӯз ва фардои халқи азизамон буда, омили муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихорӣ ватандорӣ ҳисобида мешавад. Қарзи шаҳрвандии мост, ки эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчамро ба ҷо орем, ҳамеша ва дар ҳама ҷой онро гиромӣ дошта, барои ҳимоя ва поку муқаддас доштани он бо тамоми ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ бо ҳифзи Ватан, модар, аҳли хонавода ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст.

 

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД