Расонида кӯмаки хайриявӣ аз тарафи кормандони Агентӣ.

0
1296

Дар асоси дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи расонидани кӯмаки моддӣ ба ятимон, маҷрӯҳон, собиқадорони ҷангу меҳнат, хона-интернатҳо, хонаводаҳои эҳтиёҷманд”  аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба хона-интернат барои маъюбон ва пиронсолони “Батош”-и шаҳри Турсунзода мунтазам кӯмаки моддӣ расонида мешавад.

Бояд гуфт, ки Агентӣ сарпарастии хона-интернати мазкурро ба зимма гирифта, дар ҳар иду арафа кӯмакҳои пулию молӣ мерасонад. Ин дафъа низ бахшида ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Агентӣ ба бошандагони хонаи пиронсолон кӯмаки пулӣ ба миқдори 12 ҳазор сомонӣ расониданд, ки аз ин ҳисоб амбори хона-интернати мазкур пурра ва қисми берунаи бинои ошхонаи он таъмир гардида, як шуъбаи барҷомондагон рангубор карда шуд.

Хотиррасон менамоем, ки хонаи пиронсолони “Батош” соли 1972 шурӯъ намуда,  айни ҳол ҷои зисти доимии зиёда аз 170 нафар бошанда аз синни 18 то 95-сола аз тамоми ҷумҳурӣ мебошад

Ба ғайр аз ин, дар арафаи ин ҷашни бузург ба оилаи кормандони Агентӣ, ки ҳангоми адои хизмат ҳалок гардидаанд, кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД