Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ВНМО

0
121

Ҳамасола аввали моҳи декабр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ВНМО дар саросари ҷаҳон қайд карда мешавад.

Дар робита бо ин руз дар баъзе аз кишварҳо гуруҳҳои ташаббускор роҳпаймоӣ анҷом медиҳанд, то бад-ин васила мардумро аз хатари ин беморӣ огаҳ кунанд.

Бахшида ба ин руз санаи 29 декабри соли 2019 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим” баргузор карда шуд, ки дар он муовини сардори Шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ Фирӯза Муродзода иштирок  ва баромад намуданд.

Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо тибқи маълумоти СММ  ҳамарӯза дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар ба вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони синнашон аз 14 то 20 сола ташкил медиҳанд.Аз рӯзи пайдо шудани ин беморӣ дар ҷаҳон тақрибан  60  млн, нафар одамон ба он сироят шуда, 20 млн нафари онҳо ба ҳалокат расиданд, ки ин хеле ташвишовар аст.

ВНМО/БПНМ дар байни шахсоне, ки ба гурӯҳои осебпазир ва хатарнок таааллук доранд, бештар дида мешавад. Инҳо нашъамандонанд, ки героинро тазриқӣ истеъмол мекунанд ва занону мардоне, ки даст ба фоҳишагӣ мезананд, бо афроди зиёд бе муҳофиза ҳамхобагӣ мекунанд.

То 6-моҳаи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11367нафар бо вируси норасоии масунияти бадан ба қайд гирифта шудааст. Мутобиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аксари шаҳрвандон дар Тоҷикистон ё 72,6 дарсад бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба вируси норасоии масъунияти одам сироят ёфтанд.

Ба қавле, дигар гирифтор шудагон ба вируси норасоии масъунияти бадан аз роҳҳои тазриқӣ, аз модар ба кӯдак ва аз роҳҳои номаълум гирифтори ин вирус шудаанд.

Пӯшиданест, ки БПНМ ин зинаи охирини ВНМО мебошад.

Барои муайян сохтани сирояти ВНМО шахс бояд таҳлили хунашро гузаронад.Чунин таҳлилҳоро дар озмоишгоҳҳои махсус (азҷумла, марказҳои ВНМО-и шаҳру ноҳияҳо) бо усули тести оҷили ва ё ТИФ (таҳлили иммуноферментӣ) метавон гузашт.

 

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД