Тиҷорати оилавӣ то ба маҳкама бурд

0
2504

Дар қаламрави Москваи нав ду шаҳрванди Молдова – падар ва писар – ҳамчун гумонбар дар фурӯш ва парвариши ғайриқонунии бангдона дастгир гардиданд. Ҳангоми кофтуков кормандони оперативӣ аз онҳо 61 ниҳоли бангдона ва баргҳои хушккардашудаи бангдонаро, ки барои фурӯш омода гардида буданд, дарёфт намуданд.

Тибқи кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид, ки дар натиҷа оилаи дунафараи нашъаҷалобро мӯҳлати давомдор дар ҳабс интизор аст.

Ҳамчунин ба наздикӣ дар Москва мақомоти зиддимухаддиротӣ ду молдаваниро ҳамчун гумонбар дар хариду фурӯши маводи нашъаовар дастгир намуданд. Дар хадамоти матбуоти Раёсати Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовари шаҳри Москва қайд гардид, ки нашъаҷалобон дар яке аз марказҳои савдои воқеъ дар роҳи Алтуфевск дастгир гардиданд. Дар он ҷо кормандони оперативӣ харидории санҷишӣ гузаронида, зиёда аз як килограмм марихуанаро аз хориҷиён харидорӣ намуданд. Онҳоро дарҳол дастгир намуданд. Баъд аз ин дар автомашинаи тамғаи Hyundai, ки ба яке аз дастгиршудагон таалуқ дорад, мақомоти зиддимухаддиротӣ боз зиёда аз як килограмм “банг” боздошт намуданд. Баъди боздошт гумонбаршудагон аз додани нишондод ва зикри суроғаи худ дар Молдова даст кашиданд.

Маводи нашъаоварро дар ҳаҷми калон мекӯшанд аз Молдова ба Россия интиқол диҳанд. Масалан, дар нуқтаи гузаргоҳи гумрукии “Бурачки” дар вилояти Пскови Россия шаҳрванди 40-солаи Молдова ва Руминия дастгир гардид, ки мехост 50 килограмм ҳашишро дар баки сӯзишвории автомашинаи Volkswagen Sharan бо рақамҳои олмонӣ интиқол диҳад. Тибқи иттилооти хадамоти махсуси Молдова, дастгиршуда шаҳрванди ин ҷумҳурӣ буда, аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ мебошад, ки маводи нашъаоварро аз Испания харидорӣ намуда, ба Молдова интиқол намуд, баъд онҳоро ба Россия бо мақсади фурӯхтан ирсол намуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД