Силсилавохӯриҳо бо хонандагон ва сокинони маҳаллаҳои пойтахт

0
710

Яке аз самтҳои афзалиятноки мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ин пешгирии паҳншавии нашъамандӣ мебошад, ки аз чорабиниҳои мухталифи вобаста ба тавзеҳи оқибати фалокатбори истеъмоли он иборат мебошад.

Дар моҳи январ ва аввали моҳи феврали соли ҷорӣ,аз ҷониби  кормандони шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси нақшаи муштарак бо мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияҳои  Сино, И. Сомонӣ ва Шоҳмансур, силсилавохӯриҳо бо толибилмон ва сокинони маҳаллаҳои  шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.

 Дар асоси нақшаи муштарак бо намояндагони мақомоти прокуратура, суд, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия,  шуъбаҳои ВКД, шуъбаҳои маориф ва бахши ҷавонон дар ноҳияҳои зикргардида дар муассисаҳои таҳсилоти умумии миёнаи  №№63, 33, 44, 1, 4, 43, 71, 62 ва 8-и пойтахти мамлакат дар мавзӯъҳои пешгирии наврасону ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ  ва ифротгароӣ, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷаллобӣ, муқовимат бо коррупсия, дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” суҳбатӯ вохӯриҳо баргузор намуданд.

Аз ҷониби донишҷӯён ва устодон дар мавзӯҳои болозикр саволҳо пешниҳод карда шуданд, ки кормандон ба онҳо посухҳои мушаххас баён намуданд.

Дар охири вохӯрӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ ба иштирокчиён буклету варақаҳои иттилоотӣ  тақсим карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД