Кормандони Агентӣ дар курси такмили ихтисос иштирок намуданд

0
2471

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ аз 11 то 16 майи соли 2015 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курси такмили ихтисос барои занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар мавзӯи «Менеҷменти нави давлатӣ» иштирок намуданд.

Курси мазкур дар асоси “Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Донишкадаи идоракунии давлатӣ” ташкил ва гузаронида шуд, ки ба он занон аз 35 вазорату идораҳо даъват шуданд. Зиёда аз 75 нафар шунавандагон аз ҳисоби занони забондон ва лаёқатманд барои захираи кадрҳо даъват шуданд. Дар давоми ҳафта барои такмил додани донишу малака ба шунавандаҳо устодон ва мутахассисони ботаҷрибаи Донишкадаи идоракунӣ дарс гуфтанд.

Дар рафти омӯзиш иштирокчиён санҷишҳои хаттӣ ва тестӣ дар мавзӯҳои Менеҷменти нави давлатӣ, Идоракунии захираҳои инсонӣ, Асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ супорида, дар он қобилияту истеъдод ва саводнокии худро нишон доданд.

Дар анҷоми курс мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Марҳабо Ҷабборӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Махфират Хидирзода, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Лутфия Абдулхолиқзода, устодон, омӯзгорон, аъзои ректорати Донишкада иштирок намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ шунавандагони курси такмили ихтисос бо «Гувоҳнома» сарфароз гардонида шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД