Танзим – баракати зиндагӣ

0
630

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 25 октябри соли 2019 вохӯрии ҳайати шахсӣ бо намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни вохӯри намояндаи Кумита доир ба муқаррароти бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, таъкид намуд, ки дар асоси талаботи қонуни мазкур баргузории маъракаҳои азодорию хурсандии мардум ба танзим даромада, дар ин ҷода сарфи беҳудаи маблағи шаҳрвандон дар заминаи тӯю маъракаҳо пешгирӣ карда шудааст.

Инчунин қайд гардид, ки чӣ тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд,  мутаасифона то ҳол баъзе аз шаҳрвандон муқаррароти қонуни мазкурро риоя накарда, дар баргузории маъракаҳои хурсандӣ ба зиёдаравиҳо роҳ медиҳанд.

Ҳамзамон тазакур дода шуд, ки нисбати риояи ҳатмии муқаррароти қонуни мазкур ва пешгирии қонуншиканиҳо дар ин самт бояд ҳамагон масъул бошанд, зеро талаботи ин қонун манфиати иқтисодии шаҳрвандони кишварро ҳифз менамояд.

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД