Ташрифи Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай ба Агентӣ

0
817

Санаи 18-уми майи соли ҷорӣ,  дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷинояткории муташаккил” (16-17 майи соли 2019), ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд, баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот Директори Агентӣ Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхайро бо сиёсати зиддимухаддиротии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар шинос намуданд.

Директори Агентӣ ба Владимир Норов доир ба таърихи таъсисёбӣ ва ташаккули сохтори Агентӣ, имконият ва иқтидори он дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ дар ин самт маълумоти муфассал дода, густаришу тақвияти ҳамкориҳои байналмилалии зиддимухаддиротиро дар доираи СҲШ баррасӣ намуданд.

Бо ин мақсад Директори Агентӣ дар асоси мувофиқаҳои дар доираи ҷаласаҳои соҳавии СҲШ бадастомада, масъалаи созмон додани Маркази зидди маводи нашъаовари СҲШ-ро дар шаҳри Душанбе пешниҳод намуда, аз Владимир Норов хоҳиш намуданд, ки барои ҳарчӣ зудтар аз ҷониби давлатҳои аъзо баррасӣ шудани лоиҳаи Консепсияи созмон додани Маркази мазкур, ки онро Тоҷикистон пешниҳод кардааст ва шурӯъ намудан ба таҳияи ҳуҷҷатҳои оинномавии Маркази номбурда мусоидат намояд.

Котиби генералии СҲШ ҷаноби Норов В. И. дар суханронии худ ба кушишҳо ва саҳми мақомоти ваколатдори Тоҷикистон, махсусан Агентӣ дар паст кардани шиддати муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа баҳои баланд дода, фикру андешаҳои ҷолиби худро оид ба таҳкими ҳамкориҳо бо мақомоти зиддимухаддиротии давлатҳои аъзои СҲШ, махсусан ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои нави ин Созмон, аз ҷумла Ҳиндустону Покистон ва таъсиси Маркази зидди маводи нашъаовари СҲШ дар шаҳри Душанбе изҳор намуд.

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД