Ташрифи намояндагони ВКД-и Ҷумҳурии Қирғизистон ба Агентӣ

0
1212

Муовини сардори Хадамоти мубориза бо муомилоти маводи нашъовари Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Охунов Кудиритила Мажитович санаи 1-уми апрели соли равон ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда бо  Муовини якуми Директори Агентӣ муҳтарам Зафар Самад мулоқот намуд.  

Дар оғози вохӯрӣ Муовини якуми Директори Агентӣ бо Охунов К. М. муҳокимаи ҳолати ҳамкориҳои дуҷониба байни Агентӣ ва ВКД-и Ҷумҳурии Қирғизистон дар самти назорати маводи нашъаовр ва рушду тавсеаи он дароянда мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз тарафи Муовини сардори Хадамоти мубориза бо муомилоти маводи нашъовари Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон Охунов К. М. Намояндаи тозатаъини Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии  Қирғизистон  дар назди Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Османов Кибара Байрамович муаррифӣ гардид.

Дар анҷоми вохӯрӣ Муовини якуми Директори Агентӣ муҳтарам Зафар Самад ва Муовини сардори Хадамоти мубориза бо момилоти маводи нашъовари Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Охунов Кудиритила Мажитович минатдории худро ба ҳамдигар изҳор намуда, иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти назорати маводи нашъаовар боз ҳам мустаҳкам хоҳанд намуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД