Ташрифи хонум Шибани Милхотра ба Агентӣ

0
141

Санаи 7 ноябри соли 2019 мулоқоти муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муртазо Ҳайдарзода бо Мушовир оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Идораи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти давлатии ИМА (INL) хонум Шибани Милхотра дар Агентӣ баргузор гардид.
Муовини Директори Агентӣ дар оғози вохӯрӣ ба хонум Милхотра оид ба вазъи назорати муомилоти маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкору пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар аз ҷониби Агентӣ, кумакҳои Ҳукумати ИМА дар таҳкиму ташаккули Агентӣ иттилоот дода, ӯро бо дастовардҳои Агентӣ дар давоми 20 соли фаъолият шинос намуд.
Хонум Шибани Милхотра ба фаъолияти Агентӣ оид ба масъалаи мусоидати Идораи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти давлатии ИМА дар ислоҳоти низоми адолати судӣ ва ҳамкориҳои минбаъда дар самти мазкур изҳори ақида намуд.
Ҳамзамон, масъалаи ҳамкориҳо байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафораити ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, оид ба тақвияти он пешниҳодҳои ҷолиб манзур карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД