Дар ноҳияи Спитамен маводи нашъаовар мусодира гардид

0
2147

Дар рӯзҳои аввали соли нав дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар ҳудуди ноҳияи Спитамен кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд ду нафар сокинони ноҳияҳои Спитамен ва Ғончиро дастгир намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо як адад бастаи селофанӣ ёфт ва мусодира гардид, ки дар дохили он маводи нашъаовари гашиш мавҷуд буд.

Тавре тафтишоти пешакӣ нишон дод, дастгиршудагон ният доштанд маводи нашъаоварро дар ҳудуди ноҳияи Спитамен фурӯшанд.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ.1 КҶ ҶТ (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан”) оғоз гардидааст.

Боздоштшудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД