Ифтитоҳи дидбонгоҳи нави сарҳадии «Сомон» дар ноҳияи Ҷайҳун

0
3518

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани дидбонгоҳи нави сарҳадии «Сомон», ки зертобеи Отряди сарҳадии «Панҷ» ба ҳисоб меравад, иштирок намуданд.
Иншооти нави дидбонгоҳи сарҳадии «Сомон» бо маблағгузории Ҷамъияти саҳомии кушодаи