Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990»

0
999

Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990»

15.01.2019 16:48, шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии  сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 декабри соли 2018  15 январи соли 2019 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018 ба имзо расид.

Тибқи фармони мазкур ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда мешавад.

Мақсади эълон намудани мораторий дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншуда дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» танзим гардида, минбаъд муқаррароти он ба ҳама мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда мешавад.

 

 

 

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД