ЯРМАРКАИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКА

0
976

Дар партаву дастуру ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҷиҳати  иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ба давраи зимистони солҳои 2018-2019 ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид санаи 10-уми декабри соли 2018 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи маҳсулоти хурокворӣ барои кормандон ташкил карда шуд.

Дар ярмаркаи мазкур маҳсулоти меваю сабзавот ва лубиёгӣ аз қабили  картошка, пиёз, сабзӣ, себ, мош, нахӯд ва дигар маҳсулотиниёзи аввалия  ба фурӯш бароварда шуда, нархи он нисбат ба бозору марказҳои савдо арзонтар пешниҳод карда шуд.

   

Бояд қайднамуд, ки пайваста аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ташкил намудан ичунин ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрока бо нархи нисбатан арзону дастрас дар арафаи ҳамагуна ҷашну маросимҳои идона шаҳодат аз дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати кормандон мебошад.

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД