Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентӣ

0
1449

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 декабри соли 2018 ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст, рақами бақайдгирӣ 374“а”

 

 АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

                                                     Ф А Р М О И Ш

« 13 » декабри соли 2018,                  116                                      ш. Душанбе

“Дар бораи тасдиќи Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон”

030.210. 000.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 2017, №265 «Дар бораи Қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», инчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи тартиби истифодабарӣ ва танзими муомилоти қонунии прекурсорҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мутобиќи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”,

 

Ф А Р М О И Ш   М Е Д И Ҳ А М:

  1. Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши субъектҳои хоҷагидорро, ки фаъолиятро дар соҳаи риояи қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ба амал мебароранд, дар асоси Қоидаҳои мазкур гузаронад.
  3. Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
  4. Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз бақайдгирии давлатӣ, дар сомонаи Агентӣ ҷойгир карда шавад.
  5. Фармоиши Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва Номгӯи масъалаҳои назоратӣ” аз 12-уми декабри соли 2007, №135, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми марти соли 2008, №374 ба қайди давлати гирифта шудааст аз эътибор соқит дониста шавад.
  6. Назорати иљрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини Директори Агентӣ вогузор карда шавад.

 

Директор,

генерал-лейтенанти адлия                                               Шерхон Салимзода

 

 

                            Замимаи 1

                                   бо Фармоиши Директори Агентии назорати

         маводи нашъаовари назди

                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

           аз « 13 »  ноябри соли 2018,

№116 тасдиқ шудааст

                                                Қоидаҳои

гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои  хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.  МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

  1. Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор (минбаъд – Қоидаҳо) дар асоси моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», инчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи тартиби истифодабарӣ ва танзими муомилоти қонунии прекурсорҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шуда, тартиби ташкил ва гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар соҳаи риояи қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Агентӣ) муайян мекунад.
  2. Қоидаҳои мазкур тартиби муносибатҳои мутақобилаи мақомоти ваколатдори санҷиширо бо субъектҳои хоҷагидорӣ соҳаи риояи қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар қисмати риояи талаботи қонунгузорӣ муайян менамоянд.
  3. Қоидаҳои мазкур барои ҳамаи воҳидҳои Агентӣ, ки ваколатдоранд санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар соҳаи риояи қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин пешгирии вайронкунии онҳо амалӣ намоянд, ҳатмӣ мебошанд.

 

2.  ВАКОЛАТҲОИ ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ АГЕНТӢ

  1. Ваколатҳои шахсони мансабдори Агентӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти Агентиро ба танзим медароранд, муқаррар шудаанд.
  2. Мақомоти ваколатдоре, ки санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар соҳаи риояи қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо мегузаронад, Агентӣ мебошад.
  3. Вазифаҳои асосии ҷараёни гузаронидани санҷиш инҳо мебошанд:

– санҷиши риояи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин меъёр ва қоидаҳои амалкунанда аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори соҳаи риояи қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо;

– саривақт ошкоркунӣ, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳуқуқвайронкуниҳо, ки ба манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон таъсири манфӣ мерасонанд;

– муайян намудани сабабҳо ва шароитҳое, ки ба содиркунииҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат менамоянд;

– андешидани чораҳои дахлдор нисбати вайронкунандагони қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо.

  1. Шахсони мансабдори Агентӣ ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ҳуқуқ доранд:

– ҷиҳати амалӣ намудани функсия ва вазифаҳои худ аз субъекти хоҷагидор маълумоти заруриро дархост намуда гиранд (дар ҳолати зарурӣ бевосита бо нусхаи аслии ҳуҷҷатҳо шинос шаванд);

– дар ҳолати зарурӣ иқтибос гиранд ва ҳуҷҷатҳоро нусхабардорӣ намоянд;

– дар бораи бартараф кардани камбудиҳои зимни санҷиш ошкоршуда дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, дастурҳо диҳанд;

– мавҷудияти ҳуҷҷатҳоро, барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо санҷанд;

– барои таъмини риояи қонунгузорӣ ва қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, моддаҳои сахттаъсир ва заҳролуд фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро санҷад;

– назоратро барои иҷрои талаботи муқаррарнамудаи стандартҳо, меъёрҳо ва қоидаҳо дар ин соҳа, амалӣ намоянд;

– аз роҳбари субъекти хоҷагидор ва дигар шахсони масъул баёноти хаттиро оид ба масъалаҳои марбут ба санҷишро гиранд;

– тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар бораи қоидавайронкуниҳо санад ва протоколҳо тартиб диҳанд;

– агар азназаргузаронӣ бо санҷиш алоқаманд бошад, бино, таҷҳизот, дигар молу мулкро аз назар гузаронанд;

– агар санҷиш бо риояи талаботи технологӣ алоқаманд бошад, аз раванди технологӣ дидан намоянд.

  1. Шахсони мансабдори Агентӣҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор уҳдадоранд:

– санҷишро танҳо мувофиқи фармоиши Директори Агентӣ гузаронанд;

– ба субъекти хоҷагидор мавзўъ ва моҳияти вайронкуниҳо ва камбудиҳои ошкоргардидаро фаҳмонанд, оид ба бартараф намудани онҳо чораандешӣ намоянд, ба пинҳон кардани онҳо роҳ надиҳанд;

– асоснокии амалҳои худро ҳангоми шикояти субъектҳои хоҷагидор тибқи тартиби муқаррарнамудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот намоянд;

– тибқи тартиби муқарраргардида оид ба санҷиш дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо қайдҳо гузорад.

  1. Шахсони мансабдори Агентӣҳангоми гузаронидани санҷиш принсипҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои дар Кодекси одоби шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми октябри соли 2016, №421 тасдиқ шудааст, ба роҳбарӣ мегиранд.

 

3. ТАРТИБИ БАНАҚШАГИРӢ ВА ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШҲО

  1. Тартиби гузаронидани санҷишҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» муқаррар мегардад.
  2. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки аз ҷониби Агентӣ гузаронида мешавад, метавонад нақшавӣ, ғайринақшавӣ, такрорӣ ва иловагӣ бошад. Санҷиши субъектҳои хоҷагидор мутобиқи нақшаи гузаронидани санҷишҳо, ба истиснои санҷишҳои ғайринақшавӣ, такрорӣ ва иловагӣ, амалӣ мегардад.
  3. Гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ тибқи нақшаи тасдиқшудаи солонаигузаронидани санҷишҳо амалӣ мегардад.
  4. Агентӣнақшаи солонаи санҷишро барои соли оянда таҳия намуда, дар мувофиқа бо Шўрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷиши тасдиқ мекунад ва дар сомонаи расмии худ барои шиносоии субъектҳои хоҷагидор ҷойгир мекунад.
  5. Назорати риояи нақшаи гузаронидани санҷиш ба ДиректориАгентӣ вогузор карда мешавад.
  6. Шахсони мансабдори Агентӣ ба субъекти хоҷагидори навтаъсис, ба истиснои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалнокиашон баланд, дар ду соли аввали фаъолияти онҳо танҳо барои додани машварат ва ёрии методӣ оид ба мавзўи санҷиш ташриф меоранд.
  7. Шикояти субъекти хоҷагидор оид ба натиҷаи санҷиш бояд моҳияти масъалаҳои шикоят ва талаб намудани гузаронидани санҷиши иловагиро пешбинӣ намояд.
  8. Фармоиши Директори Агентӣ дар барои гузаронидани санҷиши такрорӣ, ки ба муроҷиати субъекти хоҷагидор асос ёфтааст, бояд дар давоми 3 рўзи корӣ аз лаҳзаи ворид шудани муроҷиат қабул карда шавад.
  9. Санҷишҳо аз ҷониби Агентӣ дар асоси фармоиш дар барои гузаронидани санҷиш сурат мегиранд. Фармоиш дар бораи гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор аз тарафи ДиректориАгентӣқабул ва ба имзо расонида мешавад.
  10. Ҳангоми қабули фармоиш дар бораи гузаронидани санҷиш ДиректориАгентӣ бояд ба назар гирад, ки шахси мансабдори барои гузаронидани санҷиш таъингардида:

– бо роҳбарияти субъекти хоҷагидор ва ё намояндаи он робитаҳои хешутаборӣ надошта бошад;

– дигар ҳолатҳое, ки метавонанд бевосита ё ба восита ба манфиатдории натиҷаи санҷиш сабаб шаванд, ҷой надоранд.

  1. Санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматии шахси мансабдори Агентӣ ба шиноскунии ҳатмии субъекти хоҷагидор бо фармоиши кабулгардида оид ба гузаронидаии санҷиш ва ворид намудани қайдҳо дар бораи санҷиш ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо оғоз меёбад. Гузоштани қайдҳо дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо аз ҷониби шахси мансабдор бо тартиби муайянамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
  2. Санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор дар давоми даврае амалӣ мегардад, ки дар фармоиш ва огоҳинома оид ба гузаронидани санҷиш нишон дода шудааст.
  3. Санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор тибқи номгўи масъалаҳои назоратинисбати мавзўи санҷиши нақшавӣ истифодашаванда гузаронида мешавад (Замимаи 2 ба Қоидаҳои мазкур). Баромадан аз доираи масъалаҳои назоратӣҳангоми гузаронидани санҷиши нақшавӣ манъ аст.
  4. Санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор дар маҳалли бақайдгирии давлатӣ ё дар маҳалли фаъолияти субъекти хоҷагидор гузаронида мешавад.
  5. Иштироки субъекти хоҷагидор ё намояндагони ваколатдори он дар объекти гузаронидани санҷиш дар вақти барои оғози санҷиш таъиншуда ҳатмист.
  6. Ҳамгоми гузаронидани санҷиш субъекти хоҷагидор тамоми ҳуҷҷатҳои дархостнамудаи Агентиро марбут ба мавзўи санҷиш ва мутобиқи номгўи масъалаҳои назоратӣ пешниҳод менамояд, инчунин дастрасиро ба ҳудуд, бино, иншоот, таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёте, ки субъекти хоҷагидор дар онҳо фаъолияти худро амалӣ менамояд, таъмин мекунад.
  7. Дар анҷоми санҷиш, сарфи назар аз натиҷаҳои он, шахси мансабдори Агентӣ санади санҷишро мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи боби 4 Қоидаҳои мазкур, дар шакли тасдиқнамудаи Агентӣ тартиб медиҳад (Замимаи 1 ба Қоидаҳои мазкур).
  8. Санади санҷиш на камтар аз ду нусха тартиб дода мешавад ва аз ҷониби шахси мансабдори Агентӣ, ки санҷиши дахлдорро гузаронидааст, имзо карда мешавад. Як нусхаи санади санҷиш дар Агентӣ мемонад ва нусхаи дуюм ба субъекти хоҷагидор супорида мешавад,
  9. Дар ҳолати ошкор намудани таркиби ҷиноят дар фаъолияти субъекти хоҷагидор, нусхаи санади санҷиш ва мавод аз рўи натиҷаи санҷиш ба Директори Агентӣ барои қабули қарор равона карда мешаванд.
  10. Оид ба натиҷаҳои санҷиш, ки дар қарор дар бораи натиҷаҳои санҷиш инъикос ёфтаанд, субъекти хоҷагидор тибқи тартиби муқаррарнамудаи боби 8 Қоидаҳои мазкур метавонад шикоят намояд.
  11. Аз рўи натиҷаҳои санҷиш, дар ҳолати мавҷудияти ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоргардида дар фаъолияти субъекти хоҷагидор, Агентӣ чораҳои маъмурӣ меандешад ё маводро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд пешниҳод менамояд.
  12. фармоишдар бораи муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъекҳои хоҷагидор” аз ҷониби шахси мансабдори Агентӣқабул карда шуда, ба маълумоти субъекти хоҷагидор расонида мешавад.

 

4. УСЛУБИ ТАРТИБДИҲИИ САНАДИ САНҶИШӢ

  1. Санади санҷиш тартиб дода шуда, аз тарафи шахси мансабдори Агентӣ ва субъекти хоҷагидор ба имзо расонида мешавад.
  2. Санади санҷиш бояд дорои ифодаи муназзами далелҳои бо ҳуҷҷат тасдиқшудаи ҳуқуқвайронкунӣ бошад, ки дар раванди санҷиш ошкор гардидаанд, ё ин ки мавҷуд набудани чунин вайронкуниҳо.
  3. Дар санади санҷиш маълумоти зерин инъикос мегардад:

– маҳалли гузаронидани санҷиш, санаи тартиб додани санади санҷиш;

– мавзўъ ва намуди санҷиш;

– мансаб, насаб, ном, номи падари шахсони мансабдори Агентӣ, ки санҷишро гузаронидаанд;

– дар ҳолати иштироки мутахассиси (коршиноси) ҷалбшуда дар гузаронидани санҷиш – насаб, ном, номи падари ў, инчунин рақами шаҳодатномаи хизматӣ, номи ташкилоте, ки онро ў намояндагӣ мекунад, дар ҳолате, ки мутахассиси (коршиноси) мустақил бошад,рақами шаҳодатномаи хизматӣ ва ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, номи ташкилоте, ки онро ў намояндагӣ мекунад, рақам ва номгўи иҷозатнома, номи мақомоте, ки иҷозатномаро додааст ва муҳлати амали иҷозатнома, дар ҳолате, ки фаъолияти мутахассиси (коршиноси) ҷалбшуда ё фаъолияти ташкилоте, ки онро ў намояндагӣ мекунад, бояд иҷозатнома дошта бошад;

– маълумоти дигари пешбини намудаи қонунгузорӣ.

  1. Санади санҷиш бояд дар ҳомили коғази бо забони давлатӣ тартиб дода шавад.
  2. Дар санади санҷишӣ ифлосиҳо, тозакуниҳо ва дигар ислоҳкуниҳо, ба истиснои ислоҳкуниҳое, ки пешакӣ муайян ва бо имзои шахсони дар санад имзогузошта тасдиқ шудаанд, иҷозат дода намешавад.
  3. Ба санади санҷиш замима мегарданд:

– қарор ё фармоишиқабулгардида оид ба гузаронидани санҷиш;

– хулосаи коршинос (дар ҳолати гузаронидани экспертиза);

– нусхаи ҳуҷҷатҳо, ҳисобҳое, ки аз тарафи шахси мансабдори Агентӣ гузаронида шудааст ва маводи дигари зарурие, ки дар ҷараёни санҷиш гирифта шудаанд;

 

5. РАСМИЁТИ БАРРАСИИ ДОХИЛИИДОРАВИИМУРОҶИАТҲОИ СУБЪЕКТИ ХОҶАГИДОР

  1. Муроҷиатҳои субъектҳои хоҷагидор нисбати амал (беамалӣ) ва қарори дар ҷараёни гузаронидани санҷиш қабулнамуда, дарАгентӣқабул гардида, ба варақаи иттилоотӣ ворид ва бо роҳи додани рақами алоҳида барои ҳар як муроҷиат ба қайд гирифта мешаванд. Рад намудан аз қабули муроҷиат манъ аст.
  2. Баррасии муроҷиатҳои субъектҳои хоҷагидор нисбати амалҳо (беамалӣ) ва қарори дар ҷараёни гузаронидани санҷиш қабулнамудаи шахсони мансабдори Агентӣ ройгон мебошад.
  3. Муроҷиатҳои ба Агентӣ воридшуда аз ҷониби шахсони мансабдоре баррасӣ мегарданд, ки масъулият барои баррасӣ намудани чунин муроҷиатҳо вогузор шудааст.
  4. Расмиёти баррасии дохилиидоравии муроҷиатҳои субъектҳои хоҷагидор дар Агентӣ дар асоси Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки аз 4-уми январи соли 2018, №3дар Агентӣ қабул ва мавриди амал қарор дорад, муқаррар карда мешавад.

 

 

6. РАСМИЁТ ОИД БА БАНАҚШАГИРӢ, ПЕШНИҲОДИ ИТТИЛООТ ВА МАШВАРАТ БА СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР

  1. Агентӣ, бо мақсади кам кардани хавф бартараф намудани шароите, ки ба ҳуқуқвайронкунии имконпазир мусоидат мекунад, ба субъектхои хоҷагидор то оғози санҷиш, дар ҷараёни санҷиш ва баъди анҷоми санҷиш оид ба масъалаҳои мутобиқати фаъолияти онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат ва тавсияҳо медиҳанд.
  2. Пешниҳоди машварат ва тавсияҳо ба субъекти хоҷагидор аз ҷониби Агентӣ дар шакли зерин сурат мегирад:

– посухҳо ба саволҳои хаттию шифоҳии субъектҳои хоҷагидор тавассути телефон, дар шакли электронӣ ё ҳомили коғазӣ;

– гузаронидани машваратҳо;

– нашри дастурҳои методӣ.

  1. Дар сомонаи Агентӣ иттилооти мазкур ҷойгир карда мешавад:

– санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;

– нақшаҳои солонаи гузаронидани санҷишҳо;

– маълумот дар бораи ба гурўҳи муайяни хавфнокӣ мансуб донистани субъекти хоҷагидор, инчунин асосноккунии ба ин гурўҳи хавфнокӣ мансуб донистани он.

 

7. РАСМИЁТИ ГУЗАРОНИДАНИ БАҲОДИҲИИ ТАВАККАЛИ (ХАВФИ) СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР ВА ТАҚСИМОТИ ОНҲО АЗ РЎИ ДАРАҶАИ ХАВФНОКӢ

  1. Агентӣ санҷиши фаьолияти субъектҳои хоҷагидорро вобаста ба дараҷаи таваккалнокиашон амалӣ менамояд.
  2. Дараҷаи хавфнокии ҳар субъекти хоҷагидор дар асоси меъёрҳои арзёбии дараҷаи хавфнокӣ, ки Агентӣ дар соҳаи мансуб ба ваколатҳояшон таҳия менамоянд, муайян карда мешавад.

 

8. РАСМИЁТ ОИД БА БАРРАСИИ МУРОҶИАТҲО ВА ПЕШНИҲОДИ ИТТИЛООТИ ДИГАРИ АЗ ҶОНИБИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР ВОРИДШАВАНДА

  1. Субъекти хоҷагидор метавонад нисбати амал (беамалӣ) ва қарорҳои дар ҷараёни гузаронидани санҷиш қабулкардаи шахсони мансабдори Агентӣ тариқи судӣ, ё бо тартиби дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд.
  2. Шикоятҳо аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор дар шакли хаттӣ тавассути алоқаи почта, ҳангоми қабули шахсӣ, тавассути номарасон ё бо тариқи сабт кардани ариза шикоят ё пешниҳодоти худ дар дафтари аризаҳо ва шикоятҳои Агентӣ пешниҳод карда мешаванд.
  3. Ба шикояте, ки аз номи субъекти хоҷагидор намояндаи қонунии ў пешниҳод менамояд, ваколатномаи аз номи субъекти хоҷагидор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда замима карда мешавад.
  4. Шикоятҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари соҳибкори инфиродӣ, суроғаи ҷойгиршавии ў ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ, суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр наёфтаанд, ё маълумоти дар онҳо дарҷгардида воқеият надорад, инчунин бе имзо пешниҳод гардидаанд, беном дониста шуда, баррасӣ карда намешаванд.
  5. Иҷрои қарор ё фармоиш аз натиҷаи санҷиши Агентӣ то лаҳзаи қабули қарори дахлдор оид ба моҳияти шикоят боздошта мешавад.
  6. ДиректориАгентӣ шикоятро тибқи қонунгузорин Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, яке аз санадҳои зеринро қабул менамояд:

– қарор ё фармоишро бетағйир ва шикоятро бе қаноат монад;

– қарор ё фармоишро пурра ё қисман бекор намояд;

– қарор ё фармоишро бекор карда, санҷиши иловагиро таъин намояд.

  1. Шикоятҳои такрорӣ оид ба ҳамон як асос, ки аз рўи як ҷавоб гирифта шудааст ва дорои ҳолатҳои нави ошкоргардида намебошад, баррасӣ намегарданд.

 

9. РАСМИЁТИ ИНТИХОБИ НАМУНАҲОИ МАҲСУЛОТ, НИГОҲДОРӢ ВА ҲАМЛУ НАҚЛИ ОН БАРОИ ГУЗАРОНИДАНИ ЭКСПЕРТИЗА

  1. Интихоби намунаҳои маҳсулот аз тарафи Агентӣ барои гузаронидани ташхис (экспертиза) танҳо дар сурати ғайриимкон будани муайян намудани масъалаи бехатарии маҳсулот дар натиҷаи муоинаи ҷисмонии он анҷом дода мешавад. Дар ин ҳолат, Агентӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” санади дахлдор тартиб медиҳад.
  2. Ҳамлу нақли намунаҳои интихобшудаи маҳсулот ва шароити нигоҳдории он набояд нишондиҳандаҳоеро, ки аз рўи онҳо ташхиси намунаҳо гузаронида мешавад, тағйир диҳад.
  3. Шахси мансабдори Агентӣ намунаҳои маҳсулотро барои экспертиза интихоб намуда, ҳифз ва бехатарӣ, пешгирии ифлосшавӣ, нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли онҳоро ба ҷои гузаронидани ташхис таъмин мекунад.
  4. Субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ҳуқуқ дорад дар бораи гирифтани намунаи маҳсулот шаҳодат диҳад, шикоят кунад ва эродҳои худро изҳор намояд.
  5. Аз рўи натиҷаҳои экспертиза санади экспертиза тартиб дода мешавад, ки як нусхаи он ба санади санҷиш замима карда мешавад.
  6. Субъекти хоҷагидоре, ки бо натиҷаҳои экспертиза розӣ нест, ҳуқуқ дорад барои гирифтани хулосаи коршиносӣ оид ба масъалаҳои гузошташуда бо интихоби худ ва аз ҳисоби худ ба ташкилоти мустақили экспертӣ ё коршинос муроҷиат намояд. Хулосаи коршиносии гирифташуда метавонад ба маводи шикояти субъекти хоҷагидор нисбати қарор аз рўи натиҷаҳои санҷиш замима карда шавад.

 

10. ҶАЛБИ КОРШИНОС, ТАШКИЛОТИ ЭКСПЕРТӢ БАРОИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТИ ХОҶАГИДОР

  1. Агентӣҳангоми гузаронидани санҷиши субъектҳои хоҷагидор метавонанд барои арзёбии мутобиқати фаъолияти аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор амалишаванда ба қонунгузорни Ҷумҳурии Тоҷикистон коршиносонро (ташкилотҳои экспертиро) ҷалб намоянд.
  2. Аз рўи натиҷаҳои таҳқиқоти гузаронидани коршинос (ташкилоти экспертӣ) хулосаи коршиносӣ тартиб дода мешавад, ки тавсифи танҳо он далелҳоеро дар бар мегирад, ки дар ҷараёни гузаронидани экспертиза муқаррар гардида буданд. Хулосаи коршиносии бо муҳр ва имзои коршинос (ташкилоти экспертӣ) тасдиқгардида ба санади санҷиши субъекти хоҷагидор замима карда мешавад.
  3. Пардохти ҳаққи хизмати коршиносон (ташкилотҳои экспертӣ), инчунин ҷуброни хароҷоти онҳо бинобар иштирок дар гузаронидани санҷиш аз ҳисоби Агентӣ амалӣ карда мешавад.

 

11. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

  1. Баҳсҳо оид ба гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор вобаста ба риояи талаботи санадҳои меьёрии ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбари Агентӣ ва ё суд ҳал карда мешаванд.
  2. Шахсони мансабдори Агентӣ ва субъектҳои хоҷагидор барои вайрон кардани талаботи Қоидаҳои мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

 

Замимаи 1

ба Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

САНАДИ

санҷиши риояи қоидаҳои муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо

«     »__________ соли20___                                                  _________________

(шаҳр, ноҳия)

Мо,_______________________________________________________________ ___________________________________________________________________                   _________________________________________________________________________ дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ва Фармоиши Директори Агентӣ дар бораи гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор №______________________ санҷиши риояи қоидаҳои муомилоти қонунии_________________________________

дар______________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________

дар ҳузури _________________________________________________________

____________________________________________________ гузаронида шуд.

Санаи оғози санҷиш: “____”_____________соли__________

Санаи анҷоми санҷиш: “____”_____________соли_________

Давомнокии умумии санҷиш: _______________________(рӯзи корӣ/соат)

 

Ҳангоми санҷиш муайян намудем, ки ________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________ _____________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________

Санҷишро гузарониданд:

________________________________________________________________/

________________________________________________________________/                                           ________________________________________________________________/                                                                                                                     ________________________________________________________________/

________________________________________________________________/

 

Иштирокчиён:

________________________________________________________________/                                             ________________________________________________________________/                                              ________________________________________________________________/                                          ________________________________________________________________/

 

Бо санад шинос шудам ва розӣ ҳастам/розӣ нестам

Роҳбари субъекти хоҷагидор:

________________________________________________________________/

* Маводҳои санҷиш замима мегарданд (гирифтани баёнот дар ҷараёни санҷиш ва ғ.).

 

 

                                                  Замимаи 2

ба Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

НОМГӮИ

Масъалаҳои назоратие, ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи онҳо санҷиши фаъолияти муассисаҳои табобатию профилактикӣ, дорухонаҳо ва дигар корхонаҳои новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ мегузаронад:

 

Номгӯи масъалаҳои назоратӣ Чавобҳо Шарҳ
Ҳа Не
1. Мавҷудияти иҷозатнома барои фаъолият намудан дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
2. Мавҷудияти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Мутобиқ будани ҷойи нигоҳдошти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо бо меъёрҳои амалкунанда
4. Тартиби бақайдгирӣ, соҳибшудан, нигоҳдорӣ, тақсимот, додан, фурӯш, истифодаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
5. Мавҷуд будани китоби бақайдгирии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
6. Мавҷудияти санадҳои нобудсохтани ампулаҳои (шишачаҳои) истифодашудаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифода шаванда
7. Мавҷудияти китоби бақайдгирии дорухатҳои вобаста ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар тиб истифода шаванда
8. Мавҷудияти фармоиши роҳбари муассиса, ташкилот ва корхона новобаста аз шакли моликият оид ба таъин намудани шахси масъул барои бақадгирӣ, нигоҳдошт, тақсимот ва истифодаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
9. Мавҷудияти талаботи солонаи муассиса, ташкилот ва корхона новобаста аз шакли моликият ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
10. Пешниҳоди ҳисоботҳои ҳар семоҳагӣ оид ба муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД