20-соли фаъолияти пурсамари Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
884

Санаи 1 июни соли 2019 аз таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол пур шуд. Агентӣ дар асоси Протаколи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дафтари намояндагии  Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Таъсиси сохтори алоҳидаи мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Тоҷикистон нахустин барнома дар таҷрибаи СММ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад.

Аз давраи таъсисёбӣ то ин ҷониб Агентӣ бевосита ва якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зиёда аз 42 тонна маводи нашъадорро мусодира карда, фаъолияти ҷинояткоронаи 754 гурӯҳҳои ҷиноятии нашъаҷаллобро қатъ намудааст.

Бахшида ба ин санаи таърихӣ ва хотирмон, яъне – 20 солагии  таъсисёбии Агентӣ 01 июни соли 2019 маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, Роҳбарияти Агентӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, муовинони онҳо, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони Агентӣ, инчунин Роҳбари Дафтари намояндагии  Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ  дар Тоҷикистон, Намояндаи ВКД Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, Мушовири калони шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Мушовири департаменти ҳарбию сиёсии дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкори дар Аврупо  дар Тоҷикистон, ки бо Агнетӣ ҳамкориҳои доимӣ доранд ва дар самтҳои гуногун фаъолияти Агентиро дастгирӣ ва маблағгузорӣ менамоянд, иштирок намуданд.

Қабл аз оғози чорабинии мазкур дар саҳни бинои Агентӣ қабули савганди тантанавии ҷавонони нав ба кор қабул шуда, баргузор карда шуда, аз ҷониби Директори Агентӣ ба онҳо оид ба хизмати содиқона намудан ба халқу Ватан роҳнамоӣ карда шуд.

Дар оғози ҷаласаи тантанавӣ Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадалӣ Ватанзода Паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Агентӣ қироат намуда, роҳбарият ва ҳайати шахсии Агентиро ба ин санаи таърихӣ муборакбод намуданд.

Дар ҷаласаи тантанавӣ Директори Агентӣ оид ба таърихи таъсисёбӣ ва ташаккули Агентӣ баромад намуда, қайд карданд, ки боиси ифтихор ва шарафмандии мо ҳайати шахсии Агентӣ  аст, ки дар ин давраи кутоҳ Агентӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тавоною пуриқтидор табдил ёфта, аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон пазируфта ва эътироф гардидааст.  Он на танҳо аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон, балки Агентӣ дар арсаи байналмилаллӣ аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи умумибашарӣ ҳамчун мақоми махсусгардонидашудаи саҳмгузор дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа пазируфта ва эътироф гардидааст.

Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур навори видеоии табрикотии муовини Муншии кулли СММ – Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ муҳтарам Юрий Федотов манзури иштирокчиён гардонида шуд.

Директори Агентӣ маҷлиси тантанавиро бо сарфароз гардонидани як қатор кормандони Агентӣ бо мукофотҳои идоравӣ дар доираи салоҳияти Директори Агентӣ ҳусни анҷом бахшиданд.

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД