Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 07 январи соли 2019 дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ доир намуда, аз шаҳрванд Каримов Суҳробхон Самадович воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” бо вазни умумии 12 кг 065 грамм ва воситаи нашъадори навъи “героин” бо вазни умумии 7 кг 800 грамм дар ду борхалтаи полиэтиленӣ харидорӣ карда шуд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ муайян шуд, ки миқдори дар боло зикршудаи воситаҳои нашъадори навъи “ҳашиш” ва “героин” -ро Каримов С. аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, шахси ба тафтишоти пешакӣ номаълум бо номи “Рустам” бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, дастрас намудааст.
Нисбати Каримов Суҳробхон Самадович ва шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шахси ба тафтишоти пешакӣ номаълум бо номи “Рустам” бо моддаи 200 қисми 4 банди “д” КҶ Ҷумҳуриии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.