Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

11.10.2019, Туркманистон

11 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон дар Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар кори ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим – Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев иштирок карданд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар нишасти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзо ҷараён гирифт.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи Иттиҳод, натиҷаи раёсати Туркманистон дар Иттиҳод ва мавзӯъҳои асосии ҳамкорӣ, интихоби раёсати Иттиҳод дар соли 2020, дигар масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил суханронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчуби узвияти худ дар Иттиҳод ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзо дар ҳама соҳаҳо мебошад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодӣ, таҳкими муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо ва тавсеаи робитаҳои гуманитарӣ аз натиҷаҳои бобарор ва назарраси ҳамгироии ҷонибҳо дар солҳои гузашта мебошад.

Изҳори бовар карда шуд, ки қабули қарорҳои имрӯза оид ба масъалаҳои рушди босамари ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида мусоидат менамояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки имрӯзҳо ба равандҳои рушди вазъияти байналмилалӣ зуҳуроти баланд шудани сатҳи таҳдидҳои глобалӣ ва хатарҳои амниятӣ хос аст. Дар чунин шароит, таъмини муваффақонаи манфиатҳои умумии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз бисёр ҷиҳат аз амалҳои минбаъдаи ҳамоҳангшуда вобаста аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки иҷроиши пайгиронаи қарорҳои қаблан қабулшуда дар соҳаҳои дахлдори ҳамкории мо аҳамияти бузург дорад ва мо бояд онро минбаъд низ идома диҳем.

Дар интиҳои кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳо, аз ҷумла Изҳорот дар бораи ҳамкории стратегии иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ қабул гардиданд.

Ҳамчунин қарор карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2020 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардад.

Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти муваффақонаи Туркманистонро дар садорати Иттиҳод таъкид карданд.

Сарвари давлат ҷониби Ӯзбекистонро ба муносибати гузаштани раисӣ ба он дар соли оянда табрику муборакбодӣ намуданд ва ба Сарвари ин кишвари дӯсту ҳамсоя дар иҷрои вазифаи сермасъули раисӣ барори кор орзу карданд.

Кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зимни нишасти матбуотӣ бо доираи васеи хабарнигорон натиҷагирӣ карда шуд.