Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ҳаким Абулқосим Мансур Ҳасан Фирдавсии Тӯсӣ

Ҳаким Абулқосим Мансур Ҳасан Фирдавсии Тӯсӣ (форсӣ: حکیم ابوالقاسم منصور حسن فردوسی توسی‎; 935—1020) — шоири форсу  тоҷик. Сарояндаи «Шоҳнома» — ҳамосаи миллии мардуми эронитабор ва яке аз бузургтарин шоъирони порсигӯй аст.

Бар пояи дидгоҳи бештари пажӯҳишгарони имрӯзӣ, Абулқосим Фирдавсӣ дар соли 940 милодӣ дар рустои Бож дар шаҳристони Тус дар Хуросон дида ба ҷаҳон кушодааст.

Зодсоли Абулқосим Фирдавсӣ дар 940 м аз онҷо дарёфта шудааст ки дар яке аз сурудаҳои Абулқосим Фирдавсӣ метавон замони чирагии Султон Маҳмуди Ғазнавӣ бар Эронро дар соли 387 ҳиҷрии қамарӣ (баробар бо 375 хуршедӣ ва 996 милодӣ) метавон шумурд:

Навонтар шудам чун ҷавонӣ гузашт,
Бад-он гаҳ ки буд сол панҷоҳу ҳашт.
Замину замон пеши ӯ банда шуд,
Фаридуни бедордил зинда шуд.

Ҳамчунин бо дарнигаристан ба ин ки Абулқосим Фирдавсӣ дар соли 387 ҳ.қ. панҷоҳу ҳаштсола (58) будааст, метавон дурустии ин гумонро пазируфт.

Низомии Арӯзии Самарқандӣ, нахустин пажӯҳандае ки дар бораи зиндагии Фирдавсӣ ҷусторе навишта аст, зодгоҳи Абулқосим Фирдавсиро деҳи Бож дониста ки имрӯза дар 15 километрии шимоли шаҳри Машҳад ҷой дорад ва маркази деҳистони Табодакон аст.

Номи вай ҳама ҷо Абулқосим Фирдавсӣ шинохта шуда ва номи худашро дар бунмояҳои куҳантар, монанди «Аҷоибулмахлуқот» ва «Торихи гузида» (Ҳамдуллоҳ Муставфӣ) ва севум муқаддимаи куҳани «Шоҳнома», «Ҳасан» навиштаанд. Манобеъи камэътибортар, ҳамчун тарҷумаи арабии Биндорӣ, муқаддимаи дастнависи Флоренс ва муқаддимаи «Шоҳномаи Бойсунқурӣ» (ва навиштаҳои баргирифта аз он) номи вайро «Мансур» ҳам гуфтаанд. Номи падараш низ дар «Торихи гузида» ва севумин муқаддимаи куҳани «Шоҳнома» «Алӣ» гуфта шудааст. Муҳаммадамин Риёҳӣ пас аз баррасии куҳантарин бунмояҳо, ном «Ҳасан ибни Алӣ»-ро пазируфтанӣ дониста аст ва ин номро бо қаринаҳои дигаре ки вобастагии Фирдавсиро ба яке аз фирқаҳои шиъа мерасонад, созгортар дониста аст.

Барои падари Абулқосим Фирдавсӣ дар бунмояҳои камарзиштар номҳои дигаре низ овардаанд, монанд: «Мавлоно Аҳмад ибни мавлоно Фаррух» («муқаддимаи Бойсунқурӣ»), «Фахриддин Аҳмад» («Ҳафт иқлим»), «Фахриддин Аҳмад ибни ҳаким Мавлоно» («Маҷолис улмуъминин» ва «Маҷмаъ алфусаҳо») ва «Ҳасан Исҳоқ Шарафшоҳ» («Тазкират ушшуароъ»). Теодор Нёлдеке дар китоби «Ҳамосаи миллии Эрон» дар бораи нодурустии номи «Фахриддин» навишта аст ки додани лақабҳо бо поёнаи «ад-дин» ҳамзамон бо навҷавонии Абулқосим Фирдавсӣ корбурд пайдо карда ва вижаи «амирони муқтадир» будааст. Аз ин рӯ падари Абулқосим Фирдавсӣ наметавониста чунин лақабе дошта бошад[6]‏.

Замони даргузашти Абулқосим Фирдавсӣ то чаҳор сада пас аз даргузашташ дар бунмояҳои куҳан наомадааст. Нахустин навиштае ки аз замони марги Абулқосим Фирдавсӣ ёд карда, “Муқаддимаи «Шоҳномаи Бойсунқурӣ» аст ки соли 416 ҳиҷрии қамариро овардааст. Ин дебоча Ки имрӯз бепоя будани навиштораш ба исбот расидааст, аз бунмояҳои дигаре ёд накардааст. Тазкиранависони баъдӣ ҳамин торихро бозгӯ кардаанд. Ҷудо аз он «Тазкират ушшуъаро», асари Давлатшоҳи Самарқандӣ (ки он ҳам бисёр бепоя аст), замони даргузашти Фирдавсиро соли 411 ҳиҷрии қамарӣ овардааст. Муҳаммадамин Риёҳӣ бо дарнигаристан дар гуфтаҳое Ки Фирдавсӣ аз синну нотавонии худ ёд кардааст, ингуна натиҷа гирифтааст ки Фирдавсӣ миёни солҳои 405—411 ҳиҷрии қамарӣ аз ҷаҳон рафта аст.

Бинобар гуфтаи Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола», пас аз даргузашташ яке аз муллоҳо ки душманаш буд, аз рӯи кинатузӣ нагузошт пайкарашро дар гӯристони зодгоҳаш ба хок биспоранд, аз ин рӯ дар боғи худаш ё духтараш дар Тӯс ба хок супурда шуд. Шайх Аттори Нишопурӣ ин достонро дар «Асрорнома» ингуна овардааст ки «Шайх Акобир Абулқосим» бар ҷанозаи Фирдавсӣ намоз нахонда аст ва Ҳамдуллоҳ Муставфӣ дар пешгуфтори «Зафарнома» ӯро Шайх Абулқосим Курраконӣ дониста аст ки пайравони бисёре дошта аст. Бархе нависандагони дигар номи ӯро «Абулқосими Гургонӣ» ё «Ҷурҷонӣ» низ овардаанд ки гумон меравад арабишудаи номи Гургонӣ бошад. Риёҳӣ пайванд додани онро бо Курраконии суфӣ нораво дониста аст аз онҷо ки ӯ дар ҳангоми даргузашти Фирдавсӣ камобеш 30-сола будааст.

 

булқосим Фирдавсӣ яке аз номдортарин шоирони порсӣ ба шумор меравад. Аз маъруфтарин осори Вай «Шоҳнома» аст ки дар муддати 35 сол навишта шудааст. Абулқосим Фирдавсӣ гуфтааст:

Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.

Агар хоҳи аз ҳар ду сар обрӯй
Ҳама рости кун,ҳама рост гӯй.

Пай афкандам аз назм кохи баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Намирам аз ин пас ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.