Дар замони имрӯза таҳдиду хатарҳои зиёде пешоррӯи ҷомеаро фаро гирифтааст. Яке аз ин хатарҳо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ мебошад, ки ниҳоят гуногунпаҳлӯ ва гуногунҷанба буда, тамоми паҳлуҳои ин мушкилот, ҳаҷм ва оқибати он, бешубҳа, барои саломатии аҳли ҷомеа хатарзо мебошад. Муомилоти ғайриқонуни маводи мухаддир- иқтидори иқтисодии ҷомеаро фалаҷ гардонда, ба вазъи нуфузи аҳолӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ халал ворид месозад.
Дар замони мо инсоният пойбанди як қатор иштибоҳот аст, бахусус, баъзе аз шаҳрвандони мо низ дар мавриди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва истеъмоли ғайритиббии моддаҳои нашъаовар дар ин иштибоҳ олуда мебошанд.
Дар ин раванд санаи 29-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, сокини 48 солаи ноҳияи Панҷи вилояти мазкур Абдуллоев Мурод Маҳмадиевич боздошт карда шуда, аз дохили бордони автомашинаи ӯ тамғаи “Тайёта РАФ-4” рақами давлатиаш 01-92 ВВ 03, ду адад борхалтаи полиэтиленӣ, ки дар дохили борхалтаи якум 17 ва дар борхалтаи дуюм 15 адад бастаҳои скочпечи буи махсус доштаи шубҳанок ёфта мусодирра карда шуд.
Ташхис муайян намуд, ки маводи мусодирашуда 15 кг воситаи нашъадори навъи “ҳашиш”, 19кг 190гр воситаи нашъадори навъи “афюн” ва ҳамчунин 965 гр моддаи психотропии шишамонанди “метамфетамин” мебошад. Дар маҷмӯъ маводҳои аз шаҳрванд Абдуллоев Мурод Маҳмадиевич мусодирашуда 35кг 155граммро ташкил дод.
Тафтишот муайян намуд, ки шаҳрванди ҶИА бо номи Абдулбоқӣ, тавасути Аҳмад ном шарикаш бо тарзу усулҳои ба тафтишот номаълум аз ҶИА ба деҳаи Сарҳадчии ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ миқдори номбурдаи маводи
мухаддирро интиқол дода, пинҳон намудааст. Бо мақсади дарёфти маводи мазкур Абдуллоев М, бо шиносаш Ҷумаев Илҳом Амонович сокини н. Панҷ ба минтақаи мазкур рафта дар рӯзи аввал онро пайдо намекунанд, бинобар ин онҳо ба манзили истиқоматии Ҷумаев И, баргашта дар онҷо шабашонро рӯз менамоянд. Субҳи рӯзи дигар Ҷумаев И, ки бояд барои шарикиаш дар ин амалиёт 500 доллари ИМА ҳақи хизмат мегирифт аз мақсади дарёфти маводи мухаддир даст кашида ба ягон мақомоти салоҳиятдор оид ба амалӣ гардидани ҷинояти мазкур хабар намедиҳад.
Абдуллоев М, бо ҳамроҳии шахси сеюм Ҷумаев Сафар Элмуродович, сокини н.Панҷ бо мақсади ғаразнок сӯиқасди ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол, фиристоданро бо мақсади фуруш, яъне бо ин роҳ ба соҳибияти каси дигар доданаш маводи нашъоваро маслиҳати пешакӣ менамоянд.
Ҷумаев Сафар маблағи зарурат наёфта аз Абдуллоев Мурод хоҳиш менамояд, ки аз маводи нашъовари аз Ҷумҳурии Исломи Авғонистон дастраснамудааш ба у 10 кг диҳад. У ин миқдор маводро фурухта пули уро бармегардонад.
Аз руи ҳодисаи мазкур бо моддаи 200 қисми 4 бандҳои “г” ва “д” Кодекси ҷиноятӣ, яъне муомилоти ғайриқонуни воситаҳои нашъовар ба миқдори махсусан калон аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ, бо моддаи 32 қисми 3 ва моддаи 200 қисми 4 бандҳои “г” ва “д” Кодекси ҷиноятӣ, яъне суиқасди ҷинояти номбурда ва бо моддаи 347 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ, яъне хабар надодан дар бораи ҷиноят ва пинҳон доштани ҷинояти номбурда парвандаи ҷинояти оғоз гардида 3 нафар: Абдуллоев Мурод, Ҷумаев Сафар ва Ҷумаев Илҳом ба ҳабс гирифта шудаанд ва тафтишот идома дорад.
Имӯзҳо раванди тараққиёти илму техника, имкон фароҳам овардааст, ки тавассути техникаҳои махсус пинҳонгоҳҳои маводи мухаддир дар ҷойҳои мухталифи душворошкоршаванда муайян ва мусодират карда шавад.
Дар баробари маҳорату малакаи касбӣ ва донишу таҷриба, кормандони Агентӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯйи аз чунин техникаҳои муосир истифода намуда, дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва гузоштани садди устувор дар роҳи қочоқи он, ошкор ва аз байн бурдани гуруҳҳои муташаккили нашъаҷалоб ва такмили тарзу усулҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб фаъолияти кории ҳарузаи худро ба роҳ мондаанд.