Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ҳамкориҳои судманд дар пешгирии бемории COVID-19

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали эълон гардидани бемории коронавирус (COVID-19) ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши беморӣ ҳамкориҳои судмандро бо созмону ташкилотҳои ватанию хориҷии муқими Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Дар ин росто аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, Директори ҶДММ «Сино-2013» Шарипов Баҳодур Савриддинович як қатор лавозимоти тиббӣ аз қабили маҳлулҳои антисептикии 100мл- 300 дона, 300мл- 153 дона, 500мл- 36 дона ва 200 адад ниқоби тиббӣ, дастрас карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки оид ба пешгирии бемории COVID-19 аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ Ситоди дохилиидоравӣ таъсис дода шудааст, ки аз ҷониби он тадбирҳои иловагӣ оид ба пешгирии сироятёбӣ бо ин беморӣ андешида шуда, риоя карда мешаванд.

Риояи саривақтии гигиенаи шахсӣ ва истифодаи ниқобҳои зиддивирусӣ яке аз роҳҳои паст кардани шиддати афзоишӣ беморӣ ва гирифторшавӣ ба ин беморист, ки аз ҳар яки мо масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд. Бинобар ин, ҳангоми воридшудан ба бинои Агентӣ аз ҷониби шахси масъул маҳлулҳои антисептикии безараргардонӣ истифода ва ҳарорати бадани воридшаванда санҷида шуда, баъдан барои ворид шудан ба бинои Агентӣ бо ниқоби тиббӣ иҷозат дода мешавад.

Пешгирии ин беморӣ аз талошу кӯшиши ҳар шаҳрванди мамлакат вобаста аст.Роҳбарият ва кормандони Агентӣ ба ин соҳибкори ватандуст барои кумакҳои тибии дастраснамуда изҳори миннатдорӣ менамоянд.