Дар асоси нақшаи муштараки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ таҳти унвони «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2020» зери шиори “Якҷо бар зидди маводи нашъадор мубориза мебарем”, бо ҷалби доири васеъи ҷавонону наврасони кишвар аз 15 октябр то 15 ноябри соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон Суғд ва шаҳри Душанбе доир карда мешавад.
Бо ин мақсад, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим якумин чорабинии муштараки фарҳангию фароғатӣ ва варзишии Агентӣ назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии кишвар, таҳти унвони «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2020» ва зери шиори “Якҷо бар зидди маводи нашъадор мубориза мебарем”, доир гардид.
Чорабинии мазкур дар давоми 2 рӯз бо гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла волейбол, шашка ва шоҳмот идома ёфта, дар баргузории онҳо ҷавонону наврасон ва дигар табақаҳои аҳолии ноҳияи Ишкошим ҷалб карда шуданд.
Мақсади баргузории чунин як чорабинӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалишавии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 сарчашма гирифта, ба роҳандозӣ намудани тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ, равона гардидааст.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, варзишгарон ва ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чунончӣ, раиси ноҳияи Ишкошим Мусозода Мусо, зимни баромади худ иброз намуданд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ тамоми тадбирҳои мушаххасу мақсаднокро, роҳандозӣ менамоянд.
Дар ин раванд, сардори шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентӣ, полковники х.н.м.н. Бозоралӣ Сафарализода қайд намуданд, ки Агентӣ ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз аз рӯзи аввали фаъолияти худ бар зидди қочоқ, интиқол ва пањншавии маводи мухаддир, ба хусус сӯиистеъмоли он, муборизаи оштинопазир мебарад.
Инчунин, зикр карда шуд, ки мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ, ҳамкории дастаҷамъонаи ниҳодҳои масъули давлатиро тақозо менамояд, зеро он ба тамоми қишрҳои ҷомеа таҳдид мекунад.
Зимни чорабинӣ намояндаҳои насли наврас ва дигар шахсони масъул баромад намуда, оид ба зарар ва оқибатҳои ин маводи марговар, ибрози ақида намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ ба ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда, бахши фарҳангию фароғатӣ анҷоми барномаи мазкур гардид.