Чорабинии “Корвони зиддимухаддиротӣ – 2020”, ки бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ роҳандозӣ шуда истодааст, санаи 19 уми соли ҷорӣ кори худро дар ш.Хоруғ идома дод.
Дар чорабинии навбатӣ, ки дар маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ доир гардид, роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, ҳифзи ҳуқуқ, устодон ва донишҷуёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, хонандагони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбию техникӣ, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, инчунин варзишгарон иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур зери унвони «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2020» ва шиори “Якҷо бар зидди маводи нашъадор мубориза мебарем”, ҷиҳати иҷрои дастуру споришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалишавии “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, ба роҳ монда шудааст.
Ҳадафи ин чорабинӣ пеш аз ҳама роҳандозӣ намудани тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирию коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ ва баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба зарари маводи мухаддир дар ҷомеа мебошад.
Тибқи нақшаи чорабинии мазкур дар толори маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ, байни наврасону ҷавонон мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили волейбол, шашка ва шоҳмот гузаронида шуда, дар давоми ду рӯз идома ёфт.
Дар чорабинии мазкур, баъд аз садо додани суруди миллӣ, нахуст муовини раиси вилоят Амирбекзода Назирабо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, ба ташкилкунандагони чунин як барномаи зиддимухаддиротӣ аз номи роҳбарияти вилоят изҳори сипос намуданд. Зикр карда шуд, ки таъсири манфии ин падидаи номатлуб метавонад, ба тамоми табақаи ҷомеа зарари худро расонад.
Зимни баромади худ намояндаи Агентӣ Сафарализода Бозоралӣ иброз доштанд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Агентӣ ва дигар мақомотҳои дахлдор фаъолияти оштинопазири худро бар зидди қочоқ, интиқол ва пањншавии маводи мухаддир, ба хусус сӯиистеъмоли онҳо ба роҳ монда, пайваста дар ин самт тадбиру чораҳои зарурӣ меандешад.
Қайд карда шуд, ки “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар ин самт ҳуҷҷати калидӣ ба шумор рафта, Агентӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти марбута ҳамкориҳои самараноки худро дар самти пешгирии нашъамандӣ тақвият бахшида, дар коњиш додани талабот ба маводи мухаддир чорањои судманд андешида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Дар ин чорабинӣ намояндаи Ҷамъияти варзишии “Динамо”-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада, ба варзишгарон ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар мусобиқаҳои варзишӣ изҳори сипос намуд. Қайд кард, ки варзишгарон дар тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва пешгирии нашъамандӣ саҳми беандоза доранд. Зеро варзишгарон инъикосгари тарзи ҳаёти солим мебошанд.
Сипас, дар ҷараёни чорабинӣ ба ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Дар хотимаи чорабинӣ барномаи консертӣ намоиш дода шуд, ки ба иштирокчиён руҳу илҳоми тоза бахшид.