Гуруҳи кории «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2020», таҳти шиори «Якҷо бар зидди маводи нашъадор мубориза мебарем», 30-юми октябри соли равон ба вилояти Суғд сафар намуд.
Чорабинии мазкур, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ, инчунин амалигардии барномаи давлатии «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2013-2020» роҳандозӣ шудааст, бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилии кишвар амалӣ гардида истодааст.
Санаи 31 октябри соли ҷорӣ чорабинӣ дар толори фарҳангии шаҳри Панҷакент бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, ба хусус хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, тиббӣ ва касбию техникӣ, инчунин варзишгарону ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳри Пенҷакент Шафеиён Ислом Зиёзода чорабиниро оғоз намуда, баргузории чунин як чорабиниро иқдоми неки муносибатҳои дустонаи ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ арзёбӣ намуд.
Сипас намояндагони Агентӣ баромад ва суханронӣ намуда оид ба хатари қочоқ ва истеъмоли маводи мухаддир, навъҳои синтетикӣ ва оқибатҳои фоҷеабори истеъмоли он таъкид намуданд.
Бояд қайд намуд, ки мусобиқаҳои варзишӣ, ки қабалан бо фарогирии бозиҳои футбол, шашка ва шоҳмот байни наврасону ҷавонон дар маҷмуъ иборат аз 14 даста гузаронида шуда буд, дар ин толори фарҳангию фароғати ҷамъбаст карда шуда, ғолибон бо ҷоизаҳо ва туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ гардиданд.
Чорабинии мазкурро ҳунармандони шаҳри Панҷакент бо суруду таронаҳои ватандустона ҳусни анҷом бахшиданд.