Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз “13” феврали соли 2013, № 1409

тасдиқ шудааст

СТРАТЕГИЯИ миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020

  1. Муқаддима
  2. Қабули Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 (минбаъд – Стратегия) вобаста ба фаъол гардидани ҷиноятҳои трансмиллӣ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (минбаъдмаводи мухаддир) алоқаманд мебошад. Тамоили болоравии сатҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истифодаи ғайритиббии онҳо зиёд шудани теъдоди гирифторони вируси норасоии масунияти одам, аз ҷумлаи истеъмолкунандагони маводи мухаддир ба солимии аҳолӣ, амният ва иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад.
  3. Стратегия самтҳои асосии сиёсати давлатии зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, ҳуҷҷати бунёдӣ оид ба банақшагирии чораҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ҳуҷҷати асосии ҳамкориҳои самараноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои таъмини амнияти шахсӣ, ҷомеа ва давлат мебошад.
  4. Назорати муомилоти маводи мухаддир, муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии он ва пешгирии нашъамандӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  5. Сатҳи баланди истеҳсоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва қочоқи он омили асосии муайянкунандаи вазъ вобаста ба маводи мухаддир на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
  6. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирӣ ва табобати нашъамандӣ равона шудаанд, бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шудаанд. Тоҷикистон ба Конвенсияи Ягонаи соли 1961 оид ба маводи нашъаовар бо ислоҳҳои воридгардида мутобиқи Протоколи соли 1972, Конвенсияи соли 1971 дар бораи моддаҳои психотропӣ ва Конвенсияи соли 1988 дар бораи мубориза ба муқобили муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ҳамроҳ гардидааст. Инчунин, 17 созишномаи байнидавлатиро ба имзо расонида, 30 лоиҳаи байналмилалӣ оид ба назорати маводи нашъаоварро амалӣ намуда истодааст.
  7. Барои такмили низоми зиддимухаддиротии сохтори ҳифзи ҳуқуқ, соли 1999 Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
  8. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2004, № 1310 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сўиистеъмоли маводи нашъадор таъсис дода шудааст. Инчунин, Барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012, кӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, № 585 тасдиқ шудааст, амалӣ гардид.
  9. Дар натиҷаи чораҳои андешида дар тўли 13 соли охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ бештар аз 78 тонна воситаҳои нашъаовар мусодира карданд, ки зиёда аз 31 тоннаи онро героин ва бештар аз 24 тоннаашро афюн ташкил медиҳад. Ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 5-6 фоиз аз шумораи умумии ҷиноятҳои содиршударо ташкил медиҳанд.
  10. Дар байни шахсоне, ки барои ҷиноятҳои ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, бекорон ва шахсони бе мақоми муайяни иҷтимоӣ ба ҳисоби миёна 65-70 фоизро ташкил медиҳанд. То якуми сентябри соли 2012 7255 нафар беморони гирифтори нашъамандӣ дар муассисаҳои наркологӣ ба қайд гирифта шудаанд.
  11. Нишондоди баланди истеъмоли маводи нашъаовар тариқи сўзандору хатари ҷиддӣ ба шумор рафта, ба ҳисоби миёна 55-60 фоиз аз ҳисоби умумии шахсони дар қайдбудаи гирифтори нашъамандиро дар бар мегирад.
  12. Истеъмол тариқи сўзандору яке аз сабабҳои асосии паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам ба ҳисоб меравад. Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории СПИД то охири моҳи сентябри соли 2012 дар Тоҷикистон 4500 нафар сироятшудагон ба вируси норасоии масунияти одам ба қайд гирифта шудаанд, ки 48,9 фоизи онҳоро истеъмолкунандагони маводи нашъаовар тариқи сўзандору ташкил медиҳанд.
  13. Солҳои охир дар кишвар тамоюли паҳн шудани навъҳои нави маводи нашъаовари синтетикӣ, ки ба Рўйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ворид карда нашудаанд, мушоҳида мешавад. Ин ҳолат метавонад ба пайдоиши намудҳои нави вобастагии нашъамандӣ мусоидат намояд.
  14. Мақсад ва вазифаҳои Стратегия
  15. Мақсади асосии Стратегия коҳиши амалии паҳншавии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истеъмоли ғайритиббии онҳо, ҳаҷми оқибатҳои муомилоти ғайриқонунӣ барои бехатарии солимии аҳолӣ, ҷомеа ва давлат мебошад, ки бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:

– такмили низоми чораҳое, ки ба ташкили мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир равона шудааст;

– коҳиши талабот ба маводи мухаддир дар байни аҳолӣ;

– такмили низоми ошкорсозии саривақтии гирифторони нашъамандӣ, баланд бардоштани сифати табобат ва офиятбахшии тиббию иҷтимоии онҳо;

– таъмини низоми назорати давлатии муомилоти қонунии маводи мухаддир;

– такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқии назорати маводи мухаддир.

  1. Барои татбиқ намудани сиёсати зиддимухаддиротӣ чораҳои зерин андешида мешаванд:

– таҳия ва қабули барномаҳои соҳавӣ ва татбиқи онҳо оид ба пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир;

– беҳбуд бахшидан ба механизми ҳамкориҳои байниидоравӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир;

– таҳким ва такмили заминаҳои моддию техникии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ;

– таҳкими системаи назорати сарҳадӣ;

– густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти назорати муомилоти маводи мухаддир;

– такмили заминаҳои моддию техникии хадамоти наркологӣ ва ворид намудани усулҳои самаровари табобат;

– бунёди шабакаи муассисаҳои офиятбахшии иҷтимоии беморони нашъаманд ва таъминоти моддию техникии онҳо;

– баланд бардоштани сатҳи фаъолиятҳои илмию таҳқиқотӣ дар самти назорати муомилоти маводи мухаддир ва табобати нашъамандӣ, ҳамчунин офиятбахшии беморони нашъаманд;

– такмили таъминоти ташкилӣ, меъёрию ҳуқуқӣ ва захиравии фаъолиятҳои зиддимухаддиротӣ.

  1. Тадбирҳо барои татбиқи Стратегия
  2. Тадбирҳои коҳиши дастрасӣ ба маводи мухаддир:

– пешгирии қочоқи маводи мухаддир;

– таҳкими низоми ҳифзи Сарҳади давлатӣ бо роҳи зиёд кардани ҳайати шахсӣ, таъминоти моддию техникӣ, сохтмон ва азнавсозии иншоот;

– гузаронидани чорабиниҳои байнидавлатии оперативӣҷустуҷўӣ оид ба ошкорсозӣ ва аз байн бурдани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла бо усули таҳвили назоратшаванда”;

– татбиқи чорабиниҳо оид ба муқобилият ба ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир, ки хусусияти коррупсионӣ доранд;

– бунёди низоми боэътимоди пешгирӣ аз расмикунонии воситаҳои молиявие, ки аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба даст омадаанд;

-омўзиш ва бозомўзии кормандони воҳидҳои зиддимухаддиротии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– бунёди Маркази ягонаи таълимӣ оид ба бозомўзии кормандони мақомоти зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ;

– пешгирии муомилоти ғайриқонунии навъҳои нави маводи мухаддир, ҳамчунин моддаҳои таҳти назорат қарорнадоштаи психотропӣ барои истеъмоли ғайритиббӣ;

– такмили низоми давлатии назорати муомилоти қонунии маводи мухаддир, ҳамчунин таъмини талабот ва дастрасӣ ба онҳо;

– роҳ надодан ба воридшавии маводи мухаддир аз муомилоти қонунӣ ба ғайриқонунӣ;

– мунтазам ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Рўйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо.

  1. Чораҳо оид ба коҳиши талабот ба маводи мухаддир:

– ташаккули муносибати манфии ҷомеа ба истеъмоли ғайритиббии маводи мухаддир;

– таблиғи тарзи ҳаёти солим;

– таҳия ва татбиқи барномаҳои маърифатӣ барои омодасозӣ ва азнавтайёркунии мутахассисон оид ба пешгирии истеъмол аз маводи мухаддир;

– омодасозӣ ва омўзонидани намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки масъалаҳои нашъамандӣ ва ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддирро инъикос менамоянд;

– истифодаи самараноки воситаҳои ахбори омма дар ташаккули шуури ҷамъиятии истеъмоли маводи мухаддирро радкунанда;

– ҷалби фаъолонаи иттиҳодияҳои динӣ дар пешгирии нашъамандӣ ва ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир;

– омўзиш ва татбиқи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ, табобат ва офиятбахшии шахсони мубталои маводи мухаддир;

– мукаммалсозӣ ва такмили захираҳои кадрии хадамоти наркологӣ, заминаҳои моддию техникӣ ва васеъ намудани шабакаҳои муассисаҳои наркологӣ;

– гузаронидани таҳқиқоти сотсиологӣ оид ба дурнамои вазъи марбут ба маводи мухаддир;

– таҳия ва таҷдиди мунтазами нишондиҳандаҳо оид ба гурўҳҳои осебпазир;

– пешгирии ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ва нашъамандӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ.

  1. Ҳамкориҳои байналмилалӣ
  2. Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати муомилоти маводи мухаддир:

– такмили механизмҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар асоси конвенсияҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид;

– истифодаи самараноки восита ва имкониятҳо барои пешгирӣ ва муқовимат бо қочоқи маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Тоҷикистон ва интиқоли минбаъдаи онҳо ба дигар кишварҳо;

– иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар омодасозӣ ва бозомўзии мутахассисони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа;

– такмили ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба муқовимат бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳое, ки аз ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ба даст омадаанд ва маблағгузории терроризм дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Гурўҳи Евразия ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ;

– ҷалби кишварҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар муҷаҳҳаз сохтан бо технологияи муосир дар самти назорати маводи мухаддир, ҳамчунин таҳияи барномаҳои маърифатӣ оид ба коҳиши пешниҳод ва талабот ба маводи мухаддир.

  1. Механизми татбиқи Стратегия
  2. Таъминоти ташкилӣ ва иттилоотии татбиқи Стратегия ба зиммаи субъектҳо – вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар созмону ташкилотҳои байналмилалии ҷалбшуда дар асоси салоҳият ва мақомашон гузошта мешавад.
  3. Стратегияи мазкур барои солҳои 2013-2020 марҳила ба марҳила дар шакли барномаҳои мақсадноки соҳавӣ татбиқ мешавад.
  4. Омили асосии механизми татбиқи Стратегия фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор мебошад, ки ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирӣ ва табобати мубталоёни нашъамандӣ, инчунин офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ равона карда шуда, дар шаклҳои зерин амалӣ мегардад:

– таҳқиқи (мониторинги) вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– таҳияи барномаҳои соҳавӣ дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирӣ аз истеъмоли онҳо;

– баланд бардоштани нақши Шўроҳои ҳамоҳангсозии минтақавии пешгирӣ аз истеъмоли маводи мухаддир;

– бунёди механизми ҳамкории мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор, оид ба масъалаҳои амалигардонии чорабиниҳо доир ба ташкили мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, табобати мубталоёни нашъамандӣ ва пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир, инчунин амалӣ намудани таблиғоти зиддимухаддиротӣ;

– такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои асосии стратегии сиёсати давлатии зиддимухаддиротӣ;

– ташкили ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти назорати муомилоти маводи мухаддир;

– баланд бардоштани самаранокии ташвиқу тарғиботи зиддимухаддиротӣ бо истифода аз воситаҳои ахбори омма.

  1. Таъминоти молиявии Стратегия
  2. Маблағгузории барномаҳое, ки дар асоси Стратегия таҳия мегарданд, дар доираи маблағҳое, ки ҳамасола дар Буҷети давлатӣ барои вазорату идораҳои субъекти Стратегия пешбинӣ мегарданд, инчунин аз ҳисоби грантҳо, кўмакҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
  3. Натиҷаҳои чашмдошт
  4. Натиҷаҳои чашмдошт аз татбиқи Стратегия:

– коҳиши амалии дастрасӣ ба маводи мухаддир ва талабот ба он;

– коҳиши зарар ва пешгирии оқибатҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир;

– такмили низоми давлатии пешгирии истеъмоли ғайритиббии маводи мухаддир ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобат ва офиятбахшии гирифторони бемории нашъамандӣ;

– амалӣ намудани низоми самарабахши чораҳои муқовимат бо қочоқи маводи мухаддир;

– роҳандозии назорати давлатӣ ба муомилоти қонунии маводи мухаддир;

– таъмини фаъолияти ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва моддию молиявии зиддимухаддиротӣ;

– таъсири амалии ташвиқу тарғиб бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ба фаъол гардидани шуури ҷамъиятӣ оид ба оқибатҳои фоҷеабори масъалаҳои вобаста ба истеъмоли маводи мухаддир;

– фаъолияти самараноки низоми давлатии омўзиши вазъи мухаддиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.