Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Мулоқоти маҷозии Директори Агентӣ бо намояндагони ДЕА

15 январи соли ҷорӣ Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло  Воҳидзода бо Атташеи Намояндагии Маъмурияти мубориза бо маводи нашъаовари Вазорати адлияи ИМА дар Осиёи Марказӣ Дерек Одни мулоқоти маҷозӣ  анҷом доданд.

Дар оғоз Директори Агентӣ ба Дерек Одней ҷиҳати баргузории мулоқоти дуҷониба ва ҳамкориҳои судманд бо ДЕА ИМА дар самти назорати маводи нашъаовар изҳори минатдорӣ баён намуда, оид ба як қатор корҳои ба сомон расонида шуда ёдовар гардид.

 

Зимни мулоқот ҳамчунин оид ба роҳҳои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Маъмурияти мубориза бо маводи нашъаовари Вазорати адлияи ИМА дар Осиёи Марказӣ бо Агентӣ, барқарор намудани Дафтари ДЕА дар Тоҷикистон ва дигар масълаҳои муфид гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти назорати маводи нашъаовар бозҳам мустаҳкамтар менамоянд.