Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Дастовардҳои Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ назаррасанд.

 

Ба шарофати истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 ба вуқӯъ омада, тамоми сокинони мамлакати озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 29 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳоданд. Бо мақсади ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа Артиши миллӣ ва дигар сохтору мақомоти босалоҳият, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳокимияти иҷроия таъсис дода шуда, рамзҳои давлати соҳибистиқлол, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Конститутсия–бахтномаи миллат қабул карда шуд.

Тоҷикистони тозаистиқлоли мо бо гуноҳи хоинону душманони миллати тоҷик ва хоҷаҳои хориҷии онҳо ба зарбаи ҷонкоҳи таърихи худ – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид. Ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Дар чунин шароити ниҳоят вазнин Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшида, миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд ва пайваста тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.

Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои миллат 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами сулҳи тоҷиконро меомӯзад.

Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсионӣ пойтахти мамлакатро бо бунёди роҳҳои ободу бехатар ба чор қитъаи Тоҷикистон пайваст.

Дар ин раванд, гузариш ба низоми иқтисоди бозаргонӣ, ҷорӣ намудани гуногуншаклии моликият, пули миллӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, таҷдиди сохтори иқтисод вобаста ба истифодаи самараноки захираву имкониятҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ, мукаммал гардонидани низоми молия ва бонкдорӣ, рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва тараққиёти соҳаҳои иҷтимоӣ таъмин карда шуд.

Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон доданд, ки дар давоми солҳои 1997-2020 суръати рушди иқтисоди миллӣ ҳамасола дар сатҳи баланд таъмин ва ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ панҷ баробар зиёд гардад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар беш аз 1600 корхонаи саноатӣ, зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ, 2200 километр роҳи мошингарди сатҳи байналмилалӣ таҷдиду бунёд ва 220 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуданд.

Бо талошҳои созандаи Ҳукумат ва мардуми кишвар ду агрегати неругоҳи барқи обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба истифода дода шуда, дар натиҷаи ба кор андохтани иқтидорҳои нав маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар фасли зимистон бартараф гардид.

Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ҳоло Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли “энергияи сабз” дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра ҷой дошта, баъди пурра ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар қатори чоргонаи аввали кишварҳои мазкур қарор мегирад, яъне мавқеи Тоҷикистон боз ду зина боло хоҳад рафт.

Вобаста ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, сохмони як қатор неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва неругоҳҳои хурд, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқи Ҷануб–Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтӯда-1 ба истифода дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани хатти 500 киловаттаи Ҷануб–Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм–ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад.

Сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе–Хоруғ–Мурғоб, Душанбе–Рашт–Саритош, Душанбе – Хуҷанд–Чанак, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа–Кӯлоб аз иқдомҳои Пешвои миллат буданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок растанд ва имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гардида, вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар беҳтар гардад.

Бояд зикр кард, ки дар ин давра тибқи маълумотҳои оморӣ зиёда аз як миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуда, шумораи шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар менамуданд, аз 1 миллиону 100 ҳазор то 460 ҳазор нафар, яъне дуюним баробар коҳиш дода шуд.

Инчунин дар натиҷаи амалӣ гардидани санадҳои стратегӣ сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоизи соли 2013 то 26,3 фоиз дар соли 2020, яъне 12 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон аз 73 то 75 сол боло рафт.

Дар баробари ин сохтмон ва азнавсозии 3030 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои таълимии иловагӣ бо 651 ҳазор ҷойи нишаст анҷом дода шуда, инчунин, шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 41 зиёд гардонида шуд.

Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бошад дар замони истиқлоли давлатӣ 1258 муассисаи нав сохта, ба истифода дода шуда, шумораи умумии онҳо аз 2862 муассиса дар соли 1991 то 4369 муассиса дар соли 2020 афзоиш ёфт.

Ногуфта намонад, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар даромади пулии аҳолӣ 125 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 83 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз паст гардид ва дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол дар соли 1991 то 75 сол боло рафт.

Ҳоло давлати мо дар самти тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Иқтисодиёти Тоҷикистон баланд шуда, мо ба кишвари содиркунанда табдил гардидем.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар байни ҷомеаи башарӣ ва ташаккул додани асосҳои сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва мутавозини “дарҳои кушода” ба ҳайси шарики боэътимоду хайрхоҳ дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати шоиста пайдо намуда, ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускор дар ҳалли як қатор мушкилоти глобалӣ, бахусус, масоили мубрами амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим эътироф гардид. Дар натиҷа имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлате мешиносад, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти мубрами глобалӣ пешсаф мебошад.   Ҳоло иқдоми чоруми кишвари мо оид ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад.

Фарҳанги давлат низ дар арсаи ҷаҳон ба таври зарурӣ муаррифӣ ёфта, обрӯю нуфузи худро мустаҳкам гардонд. Бунёд гаштани осорхонаҳо, театрҳо, марказҳои фарҳанг, боғҳои фароғатӣ, гулгашт ва хиёбонҳо дар ҳар як шарҳу ноҳияҳои мамлакат тасдиқкунадаи гуфтаҳои болост.

Дар даврони истиқлолият ҷашни миллии мо тоҷикон — Наврӯз мақоми ҷаҳониро соҳиб шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод, аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст.

Ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият қабул гардидани номинатсияи «Чакан–ҳунари гулдузӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Раиси Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО ҷаноби Рупун Призвирачсинг расман эълон гардид. Бояд тазаккур дод, ки ин иқдом барои ҳифзу оммавӣ намудани мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин ЮНЕСКО соли 2016 оши палави мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид карда буд.

Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО аз Тоҷикистон шаҳри бостонии Саразм (соли 2010) ва Боғи миллии Тоҷикистон ва кӯҳҳои Помир (соли 2013) шомил гардидаанд.

Пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон боис гашт, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ташриф оранд.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар, бо шуғли пурмаҳсул таъмин кардани аҳолӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии сокинони мамлакат солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, инчунин, давраи омодагӣ ба таҷлили сазовори 30-солагии истиқлоли давлатӣ эълон карда шуд.

Дар доираи иқдомоти зикршуда то моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз 25 ҳазор иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва сайёҳӣ бунёд ва ба истифода супорида мешавад, ки ин боиси ташкили даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мегардад.

Мавриди зикр аст, ки барои вусъат бахшидан ва бо дар назардошти зарурати инкишофёбии инфрасохтории деҳот, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунаҳои мардумӣ эълон намуд. Чуноне ки сарвари давлат зикр намуданд, барои бунёд намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва дорои ҳунарҳои мардумӣ як сол кифоя нест. Ба ҳамин хотир барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои зарурию иловагӣ андешида шаванд.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар омили муҳими мусоидаткунандаи рушди ҷомеа ва рўйдоди сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, дар назди қишрҳои ҷомеа вазифаи муҳимро мегузорад, ки иҷрои онҳо рушду тавсеаи кишвари моро дар соли ҷорӣ ва ояндаи наздик таъмин менамояд. Паём инъикосгари воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб ва идомаи кор бунёдкориву созандагӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ба ҳисоб меравад.

Тавассути Паёми имсолаи Сарвари давлат саҳифаҳои кору пайкори миллати тоҷикро варақгардон намуда, роҳҳои таҳкими минбаъдаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян намуданд. Аз ин рӯ дар кишвари азизамон корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла марказҳои саломатӣ дар деҳот, мактабу кўдакистонҳо, корхонаҳои нави саноатӣ, биноҳои нави маъмури маишӣ, шўъбаҳои корҳои дохилӣ, амният, адлия, суд, нозироти андоз, роҳҳои мошингард, боғҳои фарҳангӣ, қасрҳои фарҳангӣ, зеристгоҳҳои барқӣ, майдончаҳои варзишӣ, таҷдиду азнавсозии НБО идома ёфтаистодааст. Дар аксари шаҳру ноҳияҳо майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бунёд ёфта, барои истироҳати сокинон боғу гулгаштҳо сохта шудаанд.

Боиси хушнудӣ ва ифтихор аст, ки Маҷаллаи бритониёии Global Finance дар як раддабандӣ Тоҷикистонро яке аз кишварҳои амни Осиёи Марказӣ донистааст. Дар ин раддабандӣ Тоҷикистон аз нигоҳи таҳдидҳои амниятӣ ва хатарҳои табиӣ дар ҷойи 68-ум қарор гирифтааст.

Ба хотири тарбия намудани ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ ва баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтироми арзишҳои милливу умумибашарӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзандонамон дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид.

Ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ва ба танзим даровардани маъракаву маросимҳои серхароҷот қабул карда шуд. Бо амалӣ гардидани қонунҳои мазкур таълиму тарбияи насли наврас ва одобу ахлоқи ҷавонон хеле боло рафта, сатҳи зиндагии мардум то андозае сабук гардид.

Сарвари давлат борҳо таъкид намуданд ки: “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд. Аз ин рӯ, мову шумо бояд тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешем. Мо сиёсати пойдории сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллиро, ки давлати тоҷиконро аз нобудшавию миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшид, яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият мешуморем”.

Мавриди зикр аст, ки мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар баробари дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо омили муҳими пешрафт дар роҳи таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, амнияту бехатарии давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

Дар ин робита, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба дастовардани истиқлолияти давлатӣ бо эҳсос намудани хатари оқибати ногувор доштани гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба генофонди миллат ва амнияти миллӣ, тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро барои пурзӯр намудани муборизаи беамон бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муҳайё намуданд.

Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд, даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ҳамасола дар ҷаҳон даҳҳо миллиард долларро ташкил медиҳад, яке аз манбаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷузъи мубориза бо терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 3(се) Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид – Конвенсияи ягонаи СММ дар бораи воситаҳои нашъадор соли 1961, Конвенсияи СММ дар бораи моддаҳои психотропӣ соли 1971, Конвенсияи дар бораи мубориза ба муқобили муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ соли 1988 ҳамроҳ гардида, созишномаҳои дуҷонибаи байниҳукуматиро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар бо 17 давлати ҷаҳон, аз он ҷумла бо ҳамаи давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба имзо расонид.

Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар давоми ду даҳсола Агентӣ саҳми қобили таваҷҷуҳе дар талошҳои минтақавӣ, ба вижа барои мубориза бо тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир комёб гардида, ба андозаи бесобиқа афзоиш ёфтани мусодираи маводи мухаддир дар кишвар ва аз нашъамандӣ эмин нигоҳ доштани милионҳо нафар одамон дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон, пешгирии ҷиноятҳои зиёди вобаста ба мухаддирот мусоидат намуда, инчунин 24 созишнома ва протоколҳои байниидоравиро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба имзо расонид.

Маҳз ҳамин кӯшишу талошҳо буд, ки имрӯз сатҳи нашъамандӣ дар байни аҳолӣ нисбат ба солҳои пешин кам шудааст.

Ногуфта намонад, ки солҳои охир дар Тоҷикистон коҳиши сатҳи нашъамандӣ миёни аҳолӣ ба мушоҳида расида, шумораи беморони нашъаманд аз 8645 нафар дар соли 2008 то 5099 нафар ба ҳолати 1 январи соли 2021 расидааст, ки ба 41 фоиз баробар буда, дар муқоиса ба соли 2019 276 нафар ё 5,13 фоиз паст гардидааст.

Дар панҷ соли охир сатҳи нашъамандӣ  27,84 фоиз кам шудааст, ки сабаби он дар натиҷаи ҳамкории судманд баргузор намудани чорабиниҳои муштараки зиддимухаддиротӣ, аз ҷумла корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ба ин васила баланд гардидани маълумотнокии аҳолӣ оид ба оқибатҳои зарари нашъамандӣ, инчунин тартиби дуруст ба роҳ мондани бақайдгирии беморони нашъаманд дар марказҳои наркологӣ мебошад.

Бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар кормандони Агентӣ дар қатори дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ сарбаландона ва содиқона дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва чорабиниҳо оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд;

“Итминони комил дорам, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст ва мо якҷо бо халқи азизамон ва миллати фарҳангсолору тамаддунсозамон заҳмат кашида, Ватани маҳбуби аҷдодиамонро ободу зебо ва пешрафтаву нерӯманд гардонида, обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем”.

Бо тақвият аз суханони Сарвари давлат ва зикри дастовардҳои солҳои даврони истиқлолият кормандон ва ҳайати шахсии Агентӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар баробари ҳифзи суботи мардуми кишвар боз барои ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвари азизу маҳбубамон кушиш намуда, барои бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани 30 – солагии истиқлолияти кишвари азизамон ҷидду ҷаҳд намоянд.

 

                                               Директори Агентии назорати

                                               маводи нашъаовари назди

                                               Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                Ҳабибулло Воҳидзода