Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

26 январи соли равон дар толори дастгоҳи марказии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати шахсии Агентӣ тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Воқеан, чун солҳои пеш Паёми имсола низ инъикоскунандаи ҳамаи соҳаҳои кишвар, ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ буда, дар он вазъи имрӯз ва дурнамову нақшаҳои оянда ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи кишвар, амалӣ гардидани барномаҳои мухталифи тарҳрезишуда, фаъолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, қудратӣ, ҷамъиятӣ ва ҳамчунин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон буд. Кулли соҳаҳо таҳлил шудаву нақшаҳои минбаъда бозгӯ гардиданд.

Зимни ироаи Паём Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки дар баробари дигар масъалаҳои муҳим вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури созандагию бунёдкорӣ ба кулли сокинони мамлакат маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раёсату шуъбаҳои минтақавии Агентӣ низ баргузор карда шуд.