Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории коршиносон оид ба коҳиши талабот ба маводи нашъадор Машварати роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СҲШ, ки ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ваколатдор шудаанд, баргузор гардид

Санаи 11 марти соли 2021 ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории коршиносон оид ба коҳишдодани талабот ба маводи нашъаовари Машварати роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СҲШ, ки ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ваколатдор тариқи маҷозӣ баргузор гардид.

Ҷаласаи гурӯҳи корӣин навбатҳам  таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Сардори Шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентӣ, полковники х.н.м.н. Бозоралӣ Сафарализода, ки дар мулоқоти мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ менамуд, зикр доштанд, ки ҷаласаи мазкур дар арафаи 20-солагии таъсисёбии СҲШ ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Инчунин қайд гардид, ки мақомоти ҳифзиҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва суботу оромии ҷомеа муборизаро бо муомилоти маводи нашъаовар пурзӯр намуда, солҳои охир натиҷаҳои мусбиро ба даст овардааст.

Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур иштирокчиён масъалаҳои рушду тақвияти ҳамкориҳои муштаракро дар давоми соли 2020 мавриди муҳокима қарор дода, оид ба таҷрибаи пешқадами фаъолияти ҷонибҳо, ки барои ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай нақши муҳим мебозад, ибрози назар намуданд.